Июл 14, 2016 17:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури хориҷии панҷ кишвари соҳили Хазар бо нахуствазири Қазоқистон

Вазирони умури хориҷии панҷ кишвари соҳили Хазар баъд аз зуҳри имрӯз бо нахуствазири Қазоқистон дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, вазирони умури хориҷии кишварҳои соҳили баҳри Хазар дар ин дидор роҷеъ ба масъалаи низоми ҳуқуқии баҳри Хазар гуфтугӯ кардаанд. Ин дидор пушти дарҳои баста баргузор гашта, аз ҷузъиёти он хабар мунташир нашудааст.