Декабр 31, 2016 17:24 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди дабири кулли НАТО  аз Созмони Милали Муттаҳид

Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз заъфи Созмони Милал ва ба вижа амалкарди он дар буҳрони Сурия интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории Олмон,  Йенс Столтенберг аз амалкарди СММ дар Сурия ва ин, ки Русия низ тавониста аз ҳаққи ветои худ дар буҳрони он кишвар дар Шӯрои амният истифода кунад, интиқод кард ва гуфт, бо ин шароит кишварҳои узви НАТО натавонистаанд барои дахолати низомӣ дар Сурия тасмим бигиранд.

Столтенберг амалиёти низомӣ дар Сурия бидуни муҷаввизи равшане аз Созмони Милалро омили ташдиди ихтилофот дар Сурия ва эҷоиди даргириҳои минтақаии густурдатар донист.

Русия борҳо дарчочӯби мухолифат бо фишори ғарбиҳо бар давлати Сурия ва ҳимояти Ғарб аз мухолифони мусаллаҳ ва террористҳо аз ҳаққи ветои худ дар Шӯрои амният истифода кардааст.

 

Барчасп