Тафсир/ Чароии мушорикат накардани Арманистон дар нишасти ояндаи СПАД+назари коршинос
(last modified Thu, 16 Nov 2023 13:31:32 GMT )
Ноябр 16, 2023 18:31 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Чароии мушорикат накардани Арманистон дар нишасти ояндаи СПАД+назари коршинос

Дар идомаи сиёсатҳои вогароии давлати Арманистон аз Русия, Никол Пашинян эълом кард, наметавонад дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) дар Минск ширкат кунад.

Дар ҳамин иртибот, Пашинян, нахуствазири Арманистон дар гуфтугуи телефонӣ бо Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, вайро дар ҷараёни ин тасмими худ қарор додааст. Нахуствазири Арманистон ибрози умедворӣ кардааст, ки шуракои Ереван дар СПАД ин тасмимро дарк кунанд. Қарор аст, нишасти сарони кишварҳои СПАД дар Минск, пойтахти Беларус дар рӯзи 23 моҳи ҷории милодӣ (ноябр) баргузор шавад.

Дмитрий Песков, дабири матбуотии раисиҷумҳури Русия дар нахустин вокуниш ба ин иқдоми нахуствазири Арманистон дар ҷамъи хабарнигорон, зимни ибрози таассуф дар посух ба ин суол, ки дидгоҳи Маскав дар заминаи имтинои Пашинян аз ширкат дар ин иҷлос чист? Гуфт: "Мо дарк мекунем, ки ҳар раисиҷумҳуре ё раиси давлате мумкин аст, руйдодҳои мушаххасеро дар барномаи кории худ ва шароити хоси худро дошта бошад. Песков дар айни ҳол ёдовар шуд, ки "чунин нишастҳое далелу мавқеъияти хубе барои ҳамоҳангии мавозеъи кишварҳост ва аз ин лиҳоз аҳаммият доранд".

Эъломи мушорикат накардани нахустивазири Арманистон дар нишасти ояндаи сарони СПАД, дар ҳоле аст, ки Пашинян дар авохири моҳи октябри соли ҷории милодӣ гуфта буд, Арманистон ҳамчунон бахше аз СПАД аст ва қасд надорад узвияти худ дар ин созмонро лағв кунад. Зеро тарафайн дар марҳалаи табодули мавозеъ ҳастанд ва Ереван намехоҳад дар ин робита дучори мавзеъгириҳои иштибоҳ шавад.

Давлати Арманистон токунун номзади мавриди назари худро барои мақоми намояндагии доими ин кишвар дар СПАД муаррифӣ накардааст. Пештар аз ин низ Пашинян таъкид карда буд: "мушорикат бо Русия чӣ дар ҳоли ҳозир ва чӣ дар оянда ҳеҷ суде барои Арманистон нахоҳад дошт. Ба ҳамин далел, беҳтар аст, давлати Ереван дар ҷустуҷӯи шуракои стротежии ҷадид барои Арманистон бошад". Нахуствазири Арманистон ҳамчунин тасреҳ карда буд: "дар руйдодҳое, ки дар чорчуби кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад, ширкат нахоҳад кард".

Аз нигоҳи мақомҳои кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ, Русия дар шароити бисёр заъифе қарор дорад ва на танҳо қудрати дифо аз худро дар ин минтақа надорад, балки тавони вокунишҳои манфӣ ба сиёсатҳои зиддирусиро низ аз даст додааст. Ба ҳамин далел, илова бар мухолифати Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар талош аст то бо кашондани пои як узви фаъоли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба Қафқози Ҷанубӣ, аз ин минтақа русиязудоӣ кунад. Сиёсатҳои зиддирусии Гурҷистон низ мушаххас аст. Бо вуҷуди ҳамаи изҳори назарҳои манфии мақомҳои Ереван алайҳи Русия ва СПАД, токунун раҳбарони Арманистон ба сурати расмӣ талоше барои хуруҷ аз ин созмон анҷом надодаанд. Дар ҳамин иртибот, Давид Степанян, коршиноси улуми сиёсии арманӣ мегуяд: Хуруҷи Арманистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, як масъалаи замон аст. Зеро Арманистон дар амал муддатҳо пеш аз СПАД хориҷ шудааст. Арманистон дигар намояндагони расмӣ дар ин иттиҳоди низомӣ - сиёсӣ надорад ва ба назар мерасад, ки дигар ҳеҷ вақт вуҷуд нахоҳад дошт ва давлати Пашинян сиёсати хурӯҷ аз СПАД-ро дунбол мекунаду эҳтимолан ба зӯдӣ ин иттифоқ хоҳад афтод".

Дар як ҷамъбандии куллӣ, аз мушорикат накардани Арманистон дар нишасти ояндаи сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Минск бояд, гуфт, давлатҳои ғарбӣ бо кумаки як кишвари кучак дар Қафқози Ҷанубӣ дар ҳоли вориди сохтани фишори ҳарчӣ бештар бар раҳбарони Кремл ҳастанд. Дар воқеъ, чунин баназар мерасад, ки Русия дар ҳоли аз даст додани як сангари мутмаини дигари худ дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ аст. Ин дар ҳоле аст, ки Русия дар Арманистон пойгоҳи низомии мутмаине дораду тибқи тавофуқоти ду кишвар то панҷ даҳаи оянда ин пойгоҳ дар инҳисори Русия хоҳад буд.