Интиқоди Пашинян аз Созмони паймони амнияти ҷамъӣ
(last modified Thu, 16 Nov 2023 13:36:49 GMT )
Ноябр 16, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Пашинян аз Созмони паймони амнияти ҷамъӣ

Нахуствазири Арманистон дар изҳороти интиқодӣ гуфт: Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар тааҳҳудоти иҷбории худ посухи муносибе ба чолишҳои амниятии Ереван надода ва ин амр чандин бор такрор шудааст.

 Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи “Арменпресс”, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар ҷаласа бо аъзои давлат дар Маҷлиси миллии кишвараш дар посух ба саволи Агнеса Хамоян, муовини фраксиюни “Арманистон” дар бораи инки чаро Ереван аз ширкат дар ҷаласоти мухталиф дар қолабҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва кишварҳои ИДМ худдорӣ мекунад, гуфт: Арманистон аз баргузории ин ҷаласот сарпечӣ намекунад, аммо тасмим гирифта, ки ба далоили мухталиф дар он рӯйдодҳо ширкат накунад.

 Нахуствазири Арманистон афзуд: Ин бузургтарин мушкили асосие аст, ки Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ғайриқонунӣ аз сабти ҳавзаи масъулияти худ дар ҷумҳурии Арманистон худдорӣ мекунад.

 Ба гуфтаи ӯ Арманистон аз эъзоми маъмурияти СПАД сарпечӣ накардааст, балки аз ин ниҳод хоста то қабл аз эъзоми ин маъмурият, тамомияти сарзаминии Арманистонро ошкоро риъоят кунад ва Ереван низ наметавонад чунин маъмуриятиро бипазирд, зеро маълум мешавад, ки тасвири тори ҷумҳури Арманистонро расмият бахшида ва низ дар ин шароит ба таҳоҷумоти Боку низ расмият додааст.

 Никол Пашинян ба тозагӣ ба Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус иттилоъ дод, ки наметавонд дар нишасти сарони Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки 23 ноябр дар Минск баргузор мешавад, ширкат кунад.

 Нахуствазири Арманистон пас аз ин тасмим ибрози умедворӣ кард, ки шарикони Ереван дар созмон ин мавзӯъро дарк кунанд.

  Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ҳастанд.