Конгресси Амрико алайҳи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид
(last modified Sat, 31 Dec 2016 14:18:46 GMT )
Декабр 31, 2016 19:18 Asia/Dushanbe
  • Конгресси Амрико алайҳи Шӯрои амнияти Созмони Милали  Муттаҳид

Намояндагони ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико, дар ҳоли тадоруки лоиҳае алайҳи қатъномаи ахири Шӯрои амнияти Созмон Милал дар мухолифат бо шаҳраксозии режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Ба гузориши Пресс тв, Ҷеррӣ Моран -сенатори ҷумҳурихоҳи иёлати Канзаси Амрико, рӯзи шанбе эълом кард, ки қасд дорад тарҳе алайҳи Шӯрои амнияти Созмони милал ва дар ҳимоят аз Исроил ба Сенати Амрика ироа кунад. Ин сенатори ҷумҳурихоҳ, зимни интиқод аз сиёсатҳои Барак Обама-раисиҷумҳури Амрико дар 8 соли гузашта, вайро ба интихоби гузинае нодуруст дар Ховари Миёна муттаҳам кард ва режими саҳюнистиро муттаҳиди Амрико донист.

Деннис Росс, намояндаи ҷумҳурихоҳони иёлати Фларида, низ эълом карда буд, ки қасд дорад бо ироаи тарҳи мушобеҳ ба Маҷлиси намояндагони Амрика, Барак Обама, раисиҷумҳури феълии ин кишвар ва Созмони милалро ба далели анҷоми иқдомоти зидди исроилӣ маҳкум кунад.

Шӯрои амнияти Созмони Милал, пештар бо тасвиби қатъномаи 2334, идомаи шаҳраксозиҳои ғайриқонунии Исроилро дар арозии ишғолии фаластинён маҳкум ва бар мутаваққиф шудани “фаврӣ ва комили тамоми фаъолитҳои сохтусоз дар арозии ишғолии фаластинӣ аз ҷумла шарқи Қудс” таъкид кард.