Иттиҳоми ҷинсӣ алайҳи шаҳрдори Нию-Йорк
Як расонаи амрикоӣ аз иттиҳоми ҷинсӣ ба Эрик Адамс-шаҳрдори Нию-Йорк хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, шабакаи хабарии ABC ниюcи Амрико рӯзи ҷумъа гузориш дод: Ин зан шикоятеро бар асоси қонуни бузургсолони Нию-Йорк ироа кардааст, ки дар он Адамс, полиси Нию-йорк ва ду шахси ношинос ба унвони муттаҳам муаррифӣ шудаанд.
Дар ин шикоят омадааст, ки ин ду нафар дар он замон дар ниҳодҳои шаҳрӣ кор мекарданд. Адамс низ дар он замон дар неруи полиси Нию-Йорк хидмат мекардааст.
Бар асоси матни шикоятнома, ин зан дар соли 1993 замоне, ки барои як ниҳод дар Нию-Йорк кор мекарда, тавассути муттаҳам Эрик Адамс мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтааст.
Иддаоҳои ироашуда дар ин шикоят шомили аъмоли барқасдона ё саҳвӣ барои осеб расондани ҷисмӣ, равонӣ ва дигар осебҳои вобаста ба рафторе аст, ки ба манзилаи ҷароими ҷинсӣ аст.