Ноябр 29, 2023 18:56 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Бенёмин Натанёҳу муртакиби бузургтарин ҷиноёти қарн дар Ғазза шудаву номаш дар таърих ба унвони «қассоби Ғазза» сабт шудааст
    Эрдуғон: Бенёмин Натанёҳу муртакиби бузургтарин ҷиноёти қарн дар Ғазза шудаву номаш дар таърих ба унвони «қассоби Ғазза» сабт шудааст

Раиси ҷумҳурии Туркия Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро ҷинояткори қарн донист.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон

 

Дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябр беш аз15 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 33 ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.

Тарафҳои фаластиниву исроилӣ душанбешаби 27 ноябр, дар рӯзи чаҳоруми оташбаси аввал, бар сари тамдиди ин тавофуқ дар борикаи Ғазза ба муддати ду рӯзи дигар бо ҳамон шароити қаблӣ, яъне оташбаси майдонӣ, табодули зиндонӣ ва вуруди кумакҳои башардӯстона ба тавофуқ расидаанд.

Ҳаракати дуюмин киштии туркии ҳомили 1500 тон кумакҳои башардӯстона ба мақсади борикаи Ғазза

 

Ба гузориши хабаргузории “Анатолия”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ муртакиби яке аз бузургтарин ҷиноёти қарн дар Ғазза шудаву номаш дар таърих ба унвони «қассоби Ғазза» сабт шудааст.

Эрдуғон ҳамчунин аз ҳаракати дуюмин киштии туркии ҳомили 1500 тон кумакҳои башардӯстона ба мақсади борикаи Ғазза хабар дод.