Январ 01, 2017 10:57 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи осонсозии шаҳрвандии Русия барои донандагони забони русӣ

Тарҳи осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия барои донандагони забони русӣ аз ҷумла шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба маҷлиси Думои ин кишвар ироа шудааст.

Ба гузориши сойти хабаргузории Росбалт , ин тарҳи ислоҳи қонуни марбут ба муқаррарроти дарёфти шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷиро дар назар дорад, ки мавриди баррасии маҷолиси Думо ва Шӯрои федератсияи ин кишвар қарор хоҳад гирифт.

Бар асоси тарҳи ҷадид, мутақозёни дарёфти шаҳрвандии Русия метавонанд дар мусоҳибаи ихтисосӣ дар комиссияи вижаи баргузоркунандаи озмуни забони русӣ ширкат кунанд. Қаблан дар қонуни дарёфти шаҳрвандии Русия шартҳое назири чанд сол истиқомат дар қаламрави ин кишвар, доштани бастагони наздик, таваллуд шудан дар қаламрави Шӯравии собиқ ва Русияи феълӣ муқаррар шуда буд. Аммо акнун дар тарҳ иҷадид банд “донандаи забони русӣ “ замима мешавад, ки имтиёзе барои мутақозоёни дарёфти шаҳрвандии Русия ба ҳисоб меояд.

Ин дар ҳоле аст, ки Влодислов Маркович, муовини дафтари намояндагии вазорати  дохилии Русия дар Тоҷикистон аз дарёфти тақозои 14 ҳазор шаҳрванд ин ҷумҳурӣ дар сол 2016, барои рафтан ба Русия ва иқомат дар ин кишвар хабар дода буд, ки дар муқоиса бо соли 2015, ҳазор нафар бештар мебошад.

Бар асоси гузориш, манобеи мустақили тайи 20 соли ахир наздик ба 500 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, тобеияти Русияро пазируфтаанд ва дархости муҳоҷират ба ин кишвар ҳар сол дар ҳоли афзоиш аст.