Ҷустуҷӯ барои ёфтани “Бобои барфии қотил” дар Туркия
Вазири корҳои дохилии Туркия аз идомаи талошҳо барои ёфтани “Бобои Барфӣ”-и қотил хабар дод.
Ба гузориши ал-Олам, Сулаймон Сойлу рӯзи якшанбе гуфт, ҷустуҷӯ ба думболи омили ин ҳамлаи террористӣ, ки либоси Бобои Барфӣ ба тан дошт, идома дорад ва ин террорист ҳарчи сареътар боздошт хоҳад шуд.
Ба гуфтаи шоҳидон, муҳоҷимони мусаллаҳ, ки шаби соли нави мелодӣ пас аз вуруд ба яке аз бошгоҳҳои шабона дар бахши аврупоии Истамбул шурӯъ ба тирандозӣ карданд, се нафар буданд ва либоси Бобои Барфӣ бар тан доштанд. Манобеи хабарӣ шумори кушта шудагонро 39 тан эълом кардаанд.
Вазири дохилии Туркия низ теъдоди захмиҳоро 64 нафар эълом кард, ки ҳоли чаҳор тан аз онон вахим аст.
Бинобар гузориш расонаҳои Туркия, дастикам 700 нафар дар ин бошгоҳи шабона ҳузур доштанд.
Пулиси Туркия аз куштани яке аз омилони ин ҳамла, ҳангоми фирор хабар додааст.
Даҳуми декабри гузашта низ бар асари инфиҷори ду бомб дар Истамбул, ки ҳадаф он неруҳои пулиси Туркия буданд, 44 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.
Истамбул дар чанд рӯзи гузашта ҳамвора бо болотарин ҳушдори амниятӣ рӯбарӯ будааст ва ҳудуди 17ҳазор маъмури пулис, машғули гаштзнӣ дар ин калон шаҳри Туркияанд.
Дар ҳамин ҳол, пулиси зиддитерори Туркия, рӯзи шанбе ҳашт террористи узви ДИИШ-ро, ки қасд доштанд дар остонаи соли нав ҳамалоти террористӣ анҷом диҳанд, дар шаҳри Анкара боздошт кард.
Ба гузориши манобеи хабарӣ дар Туркия, бар асари ҳамалоти террористӣ дар соли 2016 дар ин кишвар, беш аз 227 нафар кушта шудаанд.