Декабр 06, 2023 12:49 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Афви Байналмилал аз ради пои Амрико дар куштори ғайринизомиёни Ғазза

Созмони Афви Байналмилал  дар гузорише аз мушорикати Вашингтон дар куштори мардуми Фаластини Навори Ғазза хабар дод.

Созмони Афви Байналмилал рӯзи сешанбе дар гузорише эълом кард, артиши режими саҳюнистӣ ҳаддиақал дар ду ҳамлаи ҳавоӣ ба Навори Ғазза дар моҳи октябр, ки ба шаҳодати 43 ғайринизомии фаластинӣ мунҷар шуд, аз «муҳимоти таҳоҷумии мустақими муштарак» (JDAM) сохти Амрико истифода кардааст.

Созмони Афви Байналмилал ҳамчунин эълом кард, дар вайронаҳои ин ду ҳамлаи ҳавоӣ дар маркази Ғазза, ки ба шаҳодати 19 кӯдак, 14 зан ва 10 мард мунҷар шуд, тиккаҳое қобили шиносоӣ аз ин муҳимоти амрикоиро пайдо кардааст.

Режими саҳюнистӣ ибтидо ба манотиқи шимолии Ғазза ҳушдор дод, ки қасди ҳамла ба он манотиқро дораду сокинони он бояд ба сӯи ҷануб ҳаракат кунанд.

Бо ин вуҷӯд, маҳали исобати ин ду мӯшак ба унвони манотиқи ҳамла эълом нашуда буд ва ҳеҷ як аз ин 43 тан ҳушдори қаблӣ дар бораи қасди саҳюнистҳо барои ҳамла дарёфт накарда буданд.

Созмони Афви Байналмилал, таҳқиқ дар бораи ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистиро хостор шуда ва аз «Амрико ва дигар давлатҳо» хост то «фавран ирсоли силоҳ ба Исроилро мутаваққиф кунанд», зеро режими саҳюнистӣ ба эҳтимоли зиёд аз ин таслеҳот барои иртикоби ҷиноёти ҷангӣ ё иқдомоте истифода хоҳад кард, ки эҳтимоли нақзи қавонини байналмилалиро афзоиш медиҳанд.

 

Барчасп