Декабр 07, 2023 12:36 Asia/Dushanbe

Дар қароргоҳи Созмони Миллал ҳайкали 4 мутафаккири бузурги эронӣ « Абӯалӣ Сино », « Умарӣ Хайём » ، « Абӯрайҳони Берунӣ » ва « Закариёи Розӣ» насб шуд.

Дар мақари Созмони Миллал дар шаҳр « Вена » Австрия тандиси 4 мутафаккири бузурги Форс «Абӯалӣ Сино », « Умари Хайём » ، « Абӯрайҳон Берунӣ » ва « Закариёи Розӣ » насб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Иқтисод Онлайн, бино  бар гузориши дафтари матбуъотии Созмони Миллал, ҳайкали  мафохири бузурги эронӣ зинатбахши Дафтари Созмони Миллал дар Вена ҳастанд.

Созмони Миллал аз гузашта ҳамвора ба шуъаро ва  донишмандони эронӣ эҳтироми хосе қоил бӯуааст ва ба унвони мисол, дар сари дари ин Созмон дар « Ню-Йорк » шеъри машҳури « Саъдии Шерозӣ » омадааст :

Банӣ одам аъзоӣ якдигаранд,

Ки дар офариниши зи як гавҳаранд.

Чу узвӣ ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Абӯалӣ Синои соли 980 мелодӣ дар рӯстои « Афшин » дар ҳаволии « Бухоро » ба дунё омад ва  соли 1037 дар « Ҳамадон » даргузашт .

«Қонӯн », « Донишнома », « Шифо » ва « Ҳай ибни Яқзон » аз муҳимтарин осори ин донишманд маҳсӯб мешаванд .

Умарӣ Хайём соли 1048 дар « Нишобӯр » ба дунё омад ва дар соли 1131 дар ҳамин шаҳр дори фониро видоъ гуфт .

Хайём кутуби бо арзишӣ дар илми риёзиёт ва нуҷӯм дорад ки маъруфтарин онҳо « Рисола » ва « Наврӯзнома » мебошанд аммо Хайёмро дар ҷаҳон бештар ба хотир рубоиёташ мешиносанд.

Абӯрайҳони Берунӣ аз донишмандони замони Ибн Сино бӯда, ки дар соли 973 дар « Хоразм » чашм гушӯд ва дар соли 1047 дар « Ғазнӣ » вафот ёфт .

Берунӣ дар улуми мухталиф монанди ҷуғрофиё, нуҷӯм, забони шиносӣ, фалсафа ва  фиқҳ осори бо арзише аз худ ба ҷой гузоштааст.

« Осори Албоқия » аз навиштаҳои машҳури ин донишманд маҳсӯб мешавад .

Закарё Розӣ соли 860 дар шаҳр « Рай » ба дунё омада ва  соли 925 ҷаҳонро бадрӯд гуфт.

Пайдоиши илми кимиёро ба Розӣ нисбат медиҳанд аммо вай бештар бо кашфиёт дар пизишкӣ маърӯф аст .

« Алҳовӣ » ва « Мансурнома » аз китобҳои маърӯфи пизишкии розӣ шумурда мешаванд .

Барчасп