Декабр 12, 2023 18:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Русия бар сари тавофуқномаи ҷадид
    Ҳамкории Эрон ва Русия бар сари тавофуқномаи ҷадид

Вазорати хориҷаи Русия таъкид кард: Теҳрон ва Маскав барои суръатбахшидан бар сари тавофуқномаи бузург, ҷадид ва байни давлати ҳамкори мекунанд.

Ба гузориши Райтер, Вазорати хориҷаи Русия имруз сешанбе дар баёнияи бедуни ишора ба ҷузиёти тавофуқномаи бузург, ҷадид ва байнидавлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия, ки дар миёнаи равобити сиёсӣ, тиҷорӣ ва низомии фазоянда байни Маскав ва Теҳрон анҷом хоҳад гирифт эълом кард, ки вазирони хориҷаи ду кишвар дар тамоси телефонии рузи душанбеи гузашта барои суръатбахшидани кор бар руи тавофуқе, ки дар марҳалаи болоӣ аз омодаги аст мувофиқат карданд.

Кремлин моҳи гузашта эълом карда буд, ки Эрон ва Русия дар ҳоли рушди равобити худ аз ҷумла дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ-фанни ҳастанд.

Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон низ гуфтанд ҳамкории низомӣ бо Русия дар ҳоли густаришаст.

Барчасп