Табодули усарои ҷангӣ миёни Арманистон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷон
Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ростои тавофуқи ахири байни ду кишвар, усарои ҷангиро мубодила карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Арманистон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷон имрӯз чаҳоршанбе усарои ҷангиро табодул карданд .
Камиссиюни усарои Ҷумҳӯрии Озарбойҷон бо интишори баёние эълом кард, ин кишвар 32 низомии арманиро озод кард ва Арманистон ҳам ду низомии Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро таҳвили ин кишвар дод .
Бар асоси тавофуқоти ҳафтуми декабр, Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ба талош барои «иқдомҳои эътмодсоз» бо ҳадафи эҷоди оромиш дар равобити Ирвон – Бокӯ идома хоҳанд дод. Тарафайн дар ин баёнияи муштарак хостори ҳимояти байналмиллалӣ аз талошҳои ду кишвар дар ин хусӯс шуданд.