Эрдуғон: Бояд ба фоҷеаи инсонӣ дар Ғазза поён дод
(last modified Fri, 15 Dec 2023 15:17:59 GMT )
Декабр 15, 2023 20:17 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон ба ҳамтои амрикоияш гӯшзад карда, ки таҳаққуқи оташбас дар минтақа масъулияти таърихӣ аст, ки бар гардани Амрикост
    Эрдуғон ба ҳамтои амрикоияш гӯшзад карда, ки таҳаққуқи оташбас дар минтақа масъулияти таърихӣ аст, ки бар гардани Амрикост

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия панҷшанбешаб дар тамоси телефонӣ бо Ҷо Байден, ҳамтои амрикоияш бо баёни ин ки шиддати таҷовузоти Исроил алайҳи навори Ғазза паёмадҳои ногуворе ба дунбол дорад, гуфт: Бояд ба фоҷеаи инсонӣ дар Ғазза поён дода шавад.

Ба гузориши ИРНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин гуфтугӯ тасреҳ кард, ташдиди ҳамалоти Исроил ва тӯлонӣ шудани муддатзамони он метавонад паёмадҳои минтақаиву ҷаҳонии манфиро ба ҳамроҳ дошта бошад.

Эрдуғон гуфт, коҳиши ҳимояти ғайримашрути Амрико аз Исроил метавонад зомини таваққуфи даргирӣ дар Ғазза бошад.

Раиси ҷумҳурии Туркия дар идома ба ҳамтои амрикоияш гӯшзад карда, ки таҳаққуқи оташбас дар минтақа масъулияти таърихӣ аст, ки бар гардани Амрикост.

Аз дигар мавзӯоти мавриди баҳс дар ин тамоси телефонӣ, узвияти Шветсия дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва масъалаи фурӯши ҷангандаҳои Ф-16 –и Амрико ба Туркия ва равобити дуҷониба будааст.