Декабр 16, 2023 12:00 Asia/Dushanbe
  •  Таҳдид ба қатли як донишомӯзи мусалмон аз сӯи як муаллими амрикоӣ

Як муаллими амрикоӣ донишомӯзи мусалмони худро ба хотири нафрат аз режими саҳюнистӣ ба қатл таҳдид кард.

Афзоиши ҷиноёти ахири режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми бедифоъи Ғазза рӯз ба рӯз боиси безории бештари мардуми ҷаҳон аз ин режим шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бинҷаёмин Рис, муаллими мактабе дар иёлати Ҷорҷиё, донишомӯзи 13 солаи мусалмони худро пас аз ибрози безорӣ аз парчами режими саҳюнистӣ, ки ӯ ба синф оварда буд, таҳдид ба сар баридан кард.

 Бино ба гуфтаҳо ва шунидаҳои дигар донишомӯзон, ин муаллими 51 сола бар сари донишомӯзи зиддисаҳюнист фарёд зада ва ба ӯ  гуфтааст сарашро аз танаш ҷудо хоҳад кард.

 Шабакаи СNN-и Амрико гузориш дод , полис ин муаллими яҳудиро ба далели таҳдид ба қатли донишомӯзи мусалмон дастгир кардааст.

 Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ин муаллим баъдан ба таври муваққат озод шудааст.

 Пеш аз ин низ як кӯдаки 6 сола фаластинӣ дар Амрико ба ҷурми инки аз як хонаводаи фаластинӣ ва мусалмон аст, тавассути саҳюнистҳои Амрико сар бурдида шуд.

 

Барчасп