Ошуфтагии вазъияти Байден дар назарсанҷиҳои интихоботӣ дар Амрико
Омори назарсанҷиҳои интихоботӣ дар Амрико ҳокӣ аз коҳиши мизони маҳбӯбияти раисиҷумҳури ин кишвар буда ва нишон медиҳад, шонси пирӯзии ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2024 бисёр поин аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, тибқи натоиҷи назарсанҷиҳои интихоботии анҷом шуда дар Амрико, маҳбӯбияти Ҷо Байден, раисиҷумҳури ин кишвар дар байни ақшори мухталифи мардуми Амрико ба 40 дарсад дар моҳи гузашта коҳиш ёфта ва ин поинтарин имтиёзе буда, ки ӯ дар даврони раёсатҷумҳурии худ касб кардааст ва ин масаъла рақобат дар интихоботи раёсатҷумҳуриро барояш душвор мекунад. Дар ин назарсанҷиҳо омадааст, мизони маҳбӯбияти Байден на фақат дар Ҳизби демократ, балки дар миёни раъйдиҳандагони ҷавон ва лотинтаборҳо ва ҳамчунин раъйдиҳандагони сиёҳпуст ҳам бо коҳиши қобили таваҷҷӯҳе ҳамроҳ будааст.