Тафсир/ Талош барои барпоии "инқилоби рангӣ" дар Сербия
(last modified Tue, 26 Dec 2023 14:06:04 GMT )
Декабр 26, 2023 19:06 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Талош барои барпоии

Гурӯҳҳои ғарбгарои мухолифи давлат дар Сербия, ки ба натоиҷи интихоботи ахир муътариз ҳастанд. нимашаби якшанбе ба Маҷлиси миллии Сербия ҳамла карданд ва саъй карданд баъд аз шикастани дарҳо вориди бино шаванд. Гурӯҳҳои ғургаро муддаӣ ҳастанд, ки дар интихоботи порлумонӣ ва интихоби шӯрои шаҳри Белград тақаллуб сӯрат гирифтааст. Онҳо дар ҷараёни таҷаммуъи якшанбешаб плокордҳое ҳамл мекарданд, ки рӯи он шиори «дузд, дузд» навишта шуда буд.

Эътирозоти зидди давлатии ахир пас аз он дар Сербия оғоз шуд, ки оппозисон «Ҳизби ҳокими пешрави Сербия»-ро ба «сирқати оро» дар ҷараёни интихоботи порлумонии ҳафтаи гузашта муттаҳам кард. Ин интихобот мунҷар ба пирӯзии ҳизби ҳоким бар эътилофи «Сербия алайҳи хушунат» шуд, ки тарафдори Иттиҳоди Аврупо аст.

Давлати Сербия дар моҳҳои ахир ба далели тақобул миёни Русия ва Ғарб бар сари як ду роҳии бузург қарор гирифтааст. Сербия хостори узвият дар Иттиҳоди Аврупо аст, ки ин мусталзими танзими сиёсати хориҷии Белград бо Брюссел аст. Бо вуҷӯди ин, Вучич дар баробари фишорҳои кишварҳои ғарбӣ барои қатъи робита бо Русия ва мулҳақ шудан ба корзори таҳримҳои амрикоӣ алайҳи Маскав муқовимат кардааст. Муддатҳо аст, ки ғарбиҳо хоҳони тағйири рӯйкарди Сербия дар қиболи Русия буда ва дар айни ҳол шарти муҳимме барои узвият дар Иттиҳодия Аврупо, яъне сарфи назар кардани Белград аз минтақаи Козово ва ба расмият шинохтани истиқлоли ин минтақаро матраҳ кардаанд. Акнӯн ба назар мерасад Ғарб талош мекунад то бо истифодаи абзорӣ аз оппозисюни Сербия бавижа муътаризон ба натоиҷи интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳо давлати Сербияро дар чорчӯби як "инқилоби рангӣ" сарнагун созад. Аз нигоҳи ғарбиҳо шаклгирии "инқилоби рангӣ" дар Сербия дар минтақаи Болкани ғарбӣ боиси рӯи кор омадани низоми ғарбгаро дар ин кишвар хоҳад шуд.

Русия ба унвони кишвари наздик ба Сербия, ки равобите дӯстона бо Белград дорад ҳамвора дар бораи вуқуъи инқилобҳои рангӣ бавижа дар кишварҳои ҳавзаи ИДМ ва низ кишварҳои дӯсти худ ҳушдор додааст. Русҳо таҷориби талхе аз вуқуъи инқилобҳои рангин дар кишварҳои ИДА, яъне “Инқилоби норанҷӣ” дар Украина, “инқилоби гули руз(садбар)” дар Гурҷистон ва “инқилоби лолаӣ” дар Қирғизистон ва низ талоши мустамари ғарбиҳо барои ба роҳ андохтани як инқилоби рангин дар Русия доранд.