Январ 02, 2017 14:30 Asia/Dushanbe
  • Дархости Ҷунбиши исломии Нигерия барои озодии Шайх Закзокӣ

Аъзои Ҷунбиши исломии Нигерия хостори озодии раҳбари ин ҷунбиш шуданд.

Ба иттилои Алъолам, Иброҳим Мусо, сухангуи Ҷунбиши исломии Нигерия дар паёме аз Муҳаммад Буҳарӣ, раисҷумҳури ин кишвар хост, аз дастури додгоҳи федерал пайравӣ кунад ва иқдомоти лозимро барои озодии Шайх Закзокӣ, раҳбари ин ҷунбиш, ҳамсари ӯ ва дигар аъзои боздоштшуда анҷом диҳад.

Иброҳим Мусо гуфт: Аъзои ҷунбиши исломӣ аз қавонини Нигерия тахаттӣ накардаанд, аммо давлати Нигерия тамоюл дорад, аҳкоми додгоҳҳоро зери по бигузорад.

Дар ҳамлаи декабри 2015 артиши Нигерия ба як маркази исломӣ дар шаҳри Заря дар шимоли ин кишвар шумори зиёде аз мусулмонони шаҳид ва захмӣ шуданд ва Шайх Иброҳим Закзокӣ ва ҳамсараш низ боздошту зиндонӣ шуданд.