Интиқод аз иқдоми давлати Обама дар ихроҷи дипломатҳои рус
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11038-Интиқод_аз_иқдоми_давлати_Обама_дар_ихроҷи_дипломатҳои_рус
Яке аз мушовирони аршади раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар мавриди дурустии иқдоми давлати Обама дар ихроҷи 35 дипломати рус ибрози тардид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 02, 2017 11:41 Asia/Dushanbe
  • Интиқод аз иқдоми давлати Обама дар ихроҷи дипломатҳои рус

Яке аз мушовирони аршади раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар мавриди дурустии иқдоми давлати Обама дар ихроҷи 35 дипломати рус ибрози тардид кард.

Ба иттилои Ройтерс, Шон Спайсер, сухангу ва мушовири аршади Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаб дар гуфтугӯ бо шабакаи ABC дар мавриди ҳукми Барак Обама барои ихроҷи дипломатҳои рус аз Амрико гуфт: Дар бораи дурустии ин иқдом тардид вуҷуд дорад, зеро чаро иқдоме ба ин шиддат бояд иттихоз шаваду 35 дипломати ихроҷ ва ду маркази мутааллиқ ба русҳо низ таътил шавад?

Спайсер гуфт: Бояд дар мавриди ин мавзуъ бештар таҳқиқ ва фикр мешуд.

ҳамчунин, Келлиане Конвей, мушовири аршади Трамп низ гуфт, ба эътиқоди вай ва раисҷумҳури мунтахаби Амрико бархе аз иқдомоти Обама дар қиболи Русия, намодин ба назар мерасад.