Таҳлил: Соати сулҳи ҷаҳонӣ ҳамзамон бо наслкӯши дар Ғазза
(last modified Sun, 31 Dec 2023 10:49:44 GMT )
Декабр 31, 2023 15:49 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Соати сулҳи ҷаҳонӣ ҳамзамон бо наслкӯши дар Ғазза
    Таҳлил: Соати сулҳи ҷаҳонӣ ҳамзамон бо наслкӯши дар Ғазза

31-уми декабр Рӯзи «соати сулҳи ҷаҳонӣ» аст. Ҳар сол аз соати 11:30 шаби 31 декбр то 12:30 бомдоди аввали январ соати сулҳи ҷаҳонӣ аст. Ба умеди расидан ба дунёи бидуни ҷанг.

Сулҳ вожае аст, ки эҳтироми бисёр дорад. Ин эҳтиром ба ҳадде аст, ки дар муқаддимаи маншури Миллали Муттаҳид «маҳфуз доштани наслҳои оянда аз балои ҷанг» ва « зистан дар ҳоли сулҳ бо дигарон» ба унвони эҳдои аслии таъсиси Созмони Миллали Муттаҳид матраҳ шудааст. Дар ҳамин ҳол, модаи 1 Маншури Миллали Муттаҳид яке аз мақосиди Миллали Муттаҳидро «ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ» унвон кард. Далели ин таъкид бар сулҳ низ дар ҳамон муқаддимаи Маншури Милллаи Муттаҳид омадааст, ҷое,ки ба « ҳайсият ва арзиши шахсити инсонӣ» ва эҷоди « шароити зинадгии беҳтар » ишора мекунад. Бино бар ин газоф нест агар бигӯем эҷоди сулҳ ва зистан дар сулҳ муҳимтарин ормони башарият ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ аст. Аз ҳамин рӯ, дар тақвими ҷаҳонӣ 31 декабр рӯзи ҷаҳонии сулҳ аст ва ҳар сол аз соати 11:30 шаби 31 декабр то 12:30 бомдоди  субҳи аввали январ низ «соати сулҳи ҷаҳонӣ» аст.

Бо ин вуҷҷӯд. саволҳои муҳиме дар ин хусус вуҷҷӯд дорад. Оё ҷаҳон имрӯз шоҳиди сулҳ аст? Посӯхи ин савол қатъан манфӣ аст. Шоҳиди ин мавзӯъ низ изҳшор  назари ду рӯз пеши Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид аст. Гутерреш рӯзи панҷшанбе дар паёми видиои гуфт: « 2023 соли ранҷу хушунати аззим будааст. Башарият ранҷ мекашад.» Гутерреш бо ин бёни, инки мардум ба далели фақр ва гурӯснгаии фазоянда бо шароити сахте мувоҷҷеҳ ҳастанд, афзӯд, ки теъдоди ҷангҳо ва бераҳмиҳо дар ҳоли афзоиш аст ва эътимод коҳиш ёфтааст.

Аммо саволи муҳими дигар ин аст, ки чаро сулҳ дур аз дастраси башарият шуда ва ҷангҳо дар ҳоли афҳоиш аст? Ба назар мерасад муҳимтраин далел дар ин хусус, амалкарди қудратҳои ғарбӣ аст.  Украина ва Ғазза ду намунаи зинда аз амалкарди қудратҳои ғарбӣ аст, ки сулҳро қурбонии  манофеъи худ ва манофеъи саҳюнистҳо кардаанд. Бо ин ҳол, ончӣ дар Ғазза мегузарад аланитарин ва урёнтарин саҳнае аст, ки нишон медиҳад сулҳ натанҳо авлавияти қудратҳои ғарбӣ нест балки ҳатто аз эҷоди сулҳ низ ҷилавгирӣ мекунанд.

Ҳудуди се моҳ аз ҷиноёти ҳамаҷонибаи саҳюнистҳо алайҳи Борикаи Ғазза мегузарад. Тайи ин муддат, наслткӯши ва ҷиноят алаҳи башарият дар Ғазза инттифоқ афтод. Беш аз 21 ҳазору  600 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 56 ҳзаор нафар низ захмӣ шуданд. 70 дарсади шуҳадо ва захмиҳоро кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд. Ду гурӯҳе, ки бояд дар ҳар ҷанге аз бомбборон дар амон бошанд, аммо саҳюнистҳо  ба сурти огоҳана онҳоро дар Борикаи Ғазза мавриди ҳадаф қарор медиҳанд.

Бо вуҷҷӯди ин, Шӯрои амният то кунун мавқеъияте барои мутавақиф кардани ҷанги саҳюнистҳо алайҳи Борикаи Ғазза надоштааст. Зеро Амрико монеъи тасвиби ҳар гуна қатъномае барои тавақуфи ҷанг шуда ва расман аз ҷинояти саҳюнистҳо дифоъ мекуанд . Бо ин вазъият, имрӯз дар ҳоли қарор аст соати сулҳи ҷаҳонӣ гироми дошта шавад, ки  режими саҳюнистӣ ҳамчунон  ба бобборони Ғазза идома медиҳад.