Январ 03, 2024 10:09 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти Баҳри Сурх меҳвари гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Англия ва Амрико

Вазирони умури хориҷаи Англия ва Амрико дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи охирин таҳаввулот дар Баҳри Сурх ройзанӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, вазорати умури хориҷаи Англия бо судӯри баёнияе эълом кард, Дэвид Кэмерон ва Энтони Блинкен, вазирони умури хориҷаи Англия ва Амрико, вокуниши артиши миллии Яман ба ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғаззаро маҳкӯм ва иддао карданд, ки ҳамалоти зидди киштиҳои тиҷорӣ ба мақсади Исроил дар Баҳри Сурх ғайриқонӯнӣ ва ғайримуваҷҷаҳ аст.

Дэвид Кэмерон ва Энтони Блинкен, вазирони умури хориҷаи Англия ва Амрико

Грант Шэппс, вазири дифои Англия рӯзи душанбе дар ҳимоят аз эътилофи Амрико иддао кард, Лондон дар иқдоми мустақим зидди артиши миллии Яман барои ҷилавгирӣ аз ҳамла ба киштиҳо тардид нахоҳад кард.

Изҳороти вазири дифои Англия дар ҳоле аст, ки коршиносон аз муддатҳо пеш нисбат ба камбуди нерӯи низомӣ дар Англия, мушкилоти артиш ва холӣ будани анбори таслеҳоти ин кишвар ҳушдор дода ва тасреҳ кардаанд, ки неруҳои мусаллаҳи ин кишвар дар заъифтарин вазъият аз замони Ҷанги ҷаҳонии дувум қарор доранд.

 

Барчасп