Январ 05, 2024 18:52 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии Вашингтон аз ҳамалоти террористӣ будани ҳамла дар Гулзори шуҳадои Кирмон
    Арзёбии Вашингтон аз ҳамалоти террористӣ будани ҳамла дар Гулзори шуҳадои Кирмон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико пазириши масъулияти ҳамалоти террористӣ дар Кирмон, ҷануби Эрон аз сӯи гуруҳи террористии ДИИШ - ро таъйид кард.

Рӯзи чаҳоршанбе (сеюми январ) дар маросими чаҳорумин солгарди сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири мунтаҳӣ ба Гулзори шуҳадои Кирмон, ҷануби Эрон, ду инфиҷори террористӣ дар миёни зоирони ин маросим рӯй дод, ки бар асари он 89 нафар шаҳид ва 284 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Гурӯҳаки террористии ДИИШ рӯзи панҷшанбе бо судури баёнияе, масъулияти ҷинояти террористӣ дар ҷануби Эронро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши ИРНА, Меттию Миллер, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе дар арзёбии Вашингтон аз ҳамалоти террористӣ дар Кирмон гуфт, бар асоси тамоми иттилооти мавҷуд, возеҳ аст, ки ҳамла террористӣ будаву ДИИШ муҷрии он будааст.

Ҷон Керби, ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед низ бо арзёбии қудрати гуруҳи террористии ДИИШ гуфт, ин гуруҳ ҳамчунон як таҳдиди террористии фаъол барои Афғонистон ва минтақа аст.

 

Барчасп