Тафсир: Сафари минтақаии вазири умури хориҷаи Амрико
(last modified Mon, 08 Jan 2024 14:05:22 GMT )
Январ 08, 2024 19:05 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мавзӯи хариди ҷангандаҳои низомии Туркия аз Амрико
    Баррасии мавзӯи хариди ҷангандаҳои низомии Туркия аз Амрико

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико дар нахустин марҳала аз сафари минтақаии худ ба Туркия сафар кард.

Вазири умури хориҷаи Амрико пас аз Туркия ба Юнон, Урдун, Қатар, Иморот, Арабистон, Фаластини ишғолӣ, Каронаи Бохтарӣ ва Миср сафар мекунад.

Сафари Энтони Блинкен ба Анкара дар шароите анҷом шуд, дар тайи чанд соли гузашта мардуми Туркия зимни маҳкум кардани сиёсатҳои султагаронаи Амрико, ҳамвора аз давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон хостаанд, ки дар сатҳи равобит бо Вашингтон тағйироте эҷод намояд.

Мавзӯи хариди ҷангандаҳои низомии Туркия аз Амрико дар тӯли чанд соли гузашта ҳамвора аз масоили аслии гуфтугӯҳои тарафайн қаламдод мешудааст.

Пас аз ишғоли низомии Сурияву Ироқ тавассути Туркия, Амрико фурӯши ҷангандаҳои F - 35 ба Туркияро ғайримумкин донист. Пас аз итминони Анкара аз вогузор накардани ҷангандаҳои пешрафтаи F – 35, мақомҳои давлати Эрдуғон аз Вашингтон хостанд, бо фурӯши F - 16 ба Анкара мувофиқат кунад.

Аммо Амрико фурӯши ин ҷангандаҳо ба Туркияро низ таълиқ кардааст. Ба ин тартиб, талоши мақомҳои Анкара барои хариди ин ҷангандаҳо беш аз пеш ташдид шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомҳои Юнон ба манзури ба даст гирифтани бартарии ҳавоӣ дар баҳри Миёназамин, ахиран аз давлати Амрико хостаанд бо фурӯши ҷангандаҳои F - 35 ба ин кишвар, ба бартарии ҳавоии Туркия дар баҳри Миёназамин поён дода шавад.

Табиист, ки ки Амрико то замоне ки ба Юнон ҷангандаҳои F - 35 вогузор накунад, баид аст ба Туркия ҷангандае таҳвил диҳад.