Январ 08, 2024 19:36 Asia/Dushanbe
  • Чин 5 ширкати дифои Амрикоро таҳрим кард
    Чин 5 ширкати дифои Амрикоро таҳрим кард

Вазорати умури хориҷаи Чин аз таҳрими панҷ ширкати амрикоӣ ба далели фуруши таслеҳот ба Тайван хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Ассошитед Пресс, Вазорати умури хориҷаи Чин рузи якшанбе эълом кард ки панҷ ширкати дифои Амрикоиро дар вокуниш ба фуруши таслеҳот ба Тайван ва иқдоми Вашингтон дар таҳрими ширкатҳо ва шахсиятҳои чинӣ таҳрим карда аст.

Мақомоти Чин, Тайванро бахшеи ҷудоинопазир аз хок худ медонанд ва ҳамвора ба иқдомоти танишофарини Амрико дар хусуси фуруши силоҳ ба Тайван ҳушдор додаанд.

Чин иқдоми Амрико дар фуруши силоҳ ба Тайванро мудохила дар умури дохилии худ қаламдод мекунад.

Вазорати умури хориҷаи Чин эълом карда аст ки тибқи таҳримҳои ҷадиди Чин тамоми амволи мутаъаллиқ ба ин панҷ ширкати амрикоӣ дар Чин масдуд хоҳад шуд ва созмонҳо ва афрод дар Чин аз ҳаргунаи тиҷорат ва таъомул бо ин панҷ ширкат манъ мешаванд.

Вазорати умурхориҷаи Чин ҳамчунин эълом карда аст иқдомоти Амрико ҳокимият ва манофеи амниятии Чинро хадшадор, сулҳу саботро дар саросари тангаи Тайван тазъиф ва ҳуқуқ ва манофеи ширкатҳо ва афроди чиниро нақз мекунад.

Вазорати дифои Тайван низ аз Чин дар бораи он чи ирсоли мукаррари боланҳояш бар фарози тангаи Тайван хонд интиқод кард ва аз Чин хост парвози ин болнҳоро фавран мутаваққиф кунад.

Амрико моҳи гузашта декабри 2023 фуруши ҳудуди 300 миллион доллари таҷҳизоти иртиботӣ ва дифоӣ ба Тайванро мавриди таъӣд қарор дод ки вокуниши Чинро ба ҳамроҳ дошт.

Барчасп