Ҳазфи кумак ба Украина аз буҷаи соли ҷадиди давлати Амрико
(last modified Wed, 10 Jan 2024 06:56:36 GMT )
Январ 10, 2024 11:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи кумак ба Украина аз буҷаи соли ҷадиди давлати Амрико

Пойгоҳи хабарии «Ҳилл» рӯзи душанбе гузориш дод, ки сарони Конгресси Амрико бар сари лоиҳаи буҷаи давлати федероли ин кишвар барои соли ҷадиди милодӣ ба тавофуқи расиданд, аммо шомили манобеи молӣ ҷиҳати кумак ба Украина нест.

Нашрияи “Ҳилл” гузориш дод, ки сарони Конгресси Амрико бар сари лоиҳаи буҷаи давлати федероли ин кишвар барои соли ҷадиди милодӣ ба тавофуқ расиданд ва бад-ин тартиб аввалин гомро барои ҷилавгирӣ аз таътилии муваққати давлат бардоштанд.

Тибқи ин гузориш, буҷаи мавриди тавофуқи сарони Конгресси Амрико, аммо шомили манобеи молӣ ҷиҳати кумак ба Украина барои ҷанг бо Русия, ки Кохи Сафед дархост карда буд, намешавад.

Майк Ҷонсон, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар ин бора гуфт, ки кулли буҷаи тавофуқ шуда барои давлати ин кишвар ба маблағи 1 ҳазору 590 миллиард доллар аст, ки 886 миллиард доллар аз он барои масорифи низомӣ ва 704 миллиард доллар барои дигар ҳазинаҳои Иёлоти муттаҳида мебошад.