Январ 19, 2024 17:11 Asia/Dushanbe
  • Қурайшӣ: Эрону Покистони равобити бародарона доранд
    Қурайшӣ: Эрону Покистони равобити бародарона доранд

Сафорати Покистон дар Теҳрон бо таъкид бар истодагии ин кишвар дар канори Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, ҳамкорӣ ва эътимоди мутақобил байни ду кишвари бародар барои сулҳи минтақаӣ ҳаётӣ аст.

Дар ҳамлаи паҳподии бомдоди рӯзи панҷшанбеи Покистон ба рустое дар устони Систону Балучистон, ҷануби шарқи Эрон, наздики марзи ду кишвар 9 табааи ғайриэронӣ кушта шуданд.

Дар пайи ин ҳамлаи паҳподӣ кордори Сафорати Покистон дар Теҳрон ба Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон эҳзор ва маротиби шадиди вокуниши Ҷумҳурии исломии Эрон ба ӯ иблоғ шуд.

Ба гузориши ИРНА,  Сафорати Покистон дар Теҳрон рӯзи ҷумъа дар паёме дар ҳисоби корбарии расмии худ дар шабакаи иҷтимоии "Икс" навишт: Покистон ҳамвора дар тамоми шароити сахт дар канори Эрон истодааст”.

Дар ин паём омадааст: Ҳамкорӣ ва эътимоди мутақобил байни Эрону Покистон дар шароити печидаи минтақаӣ барои сулҳу субот ҳаётӣ аст.

Пеш аз ин Раҳим Ҳаёт Қурайшӣ, сафири пешини Покистон дар Эрон, ки ҳамакнун муовинати умури минтақаиро дар вазорати хориҷа дар Исломобод бар уҳда дорад, дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии "Икс" навишт: Эрону Покистони равобити бародарона доранд ва барои ҳаллу фасли ҳамаи масоил аз тариқи гуфтугӯи мусбат ба пеш хоҳанд рафт.

Раҳим Ҳаёт Қурайшӣ таъкид кард, ки чолишҳои муштараки Покистону Эрон, аз ҷумла терроризм ниёзманди иқдоми ҳамоҳанг аст.

 

Барчасп