Дарёи Мадитарона ҷаҳаннами паноҳҷуён
Январ 03, 2017 17:19 Asia/Dushanbe
Беш аз панҷ ҳазор паноҳҷу соли 2016 дар обҳои дарёи Мадитарона ҷони худро аз даст доданд.
Ба иттилои шабакаи хабарии Франс 24, Созмони байналмилалии муҳоҷират эълом кард, ҳазорон нафар дар солҳои ахир ҷони худро барои убур аз дарёи Мадитарона ва вуруд ба қорраи Аврупо ба умеди доштани зиндагии беҳтар аз даст додаанд, ки танҳо дар соли 2016 шумори ин афрод ба беш аз панҷ ҳазор тан расид.
Иттиҳоди Аврупо дар соли 2015 ва дар вокуниш ба афзоиши вуруди паноҳҷуён ба хоки Аврупо, амалиёти дарёиро дар дарёи Мадитарона бо ҳадафи коҳиши қочоқи инсон аз тариқи дарё оғоз кард, ки токунун натиҷаи қобили қабуле дар раванди муқобила бо вуруди паноҳҷуён ба қорраи Аврупо ба ҳамроҳ надоштааст .