Январ 22, 2024 10:54 Asia/Dushanbe
  • Як номзади дигари ҳизби ҷумҳӯрихоҳ ба нафъи Трамп канорагирӣ кард
    Як номзади дигари ҳизби ҷумҳӯрихоҳ ба нафъи Трамп канорагирӣ кард

" Рон Десантис " фармондори Иёлоти Флорида бо канорагирӣ аз рақобатҳои даруни ҳизбии интихоботи ояндаи раёсати Ҷумҳурии Амрико ، ҳимояти худро аз " Доналд Трамп " ба унвони номзади ҳизби Ҷумҳурихоҳ эълом кард .

" Рон Десантис " ( Ron DeSantis ) 45 сола ، дуюмин номзади ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст, ки аз идомаи ҳузур дар рақобатҳо канорагирӣ мекунад ، пештар " Крис Кристӣ " фармондори пешини Иёлати Ню-Ҷерсӣ низ бидуни ҳимоят аз ҳеҷ номзади дигари аз идомаи рақобатҳои интихоботи канорагирӣ кард .

Рон Десантис фармондори Иёлоти Флорида ва  Доналд Трамп

Аз рӯзи душанбеи 15 январ рақобатҳои муқаддамотии Ҷумҳӯрихоҳон барои таъини номзади ниҳоии ин ҳизб ба манзури ширкат дар интихоботи раёсат Ҷумҳурии 2024 Амрико , аз Иёлоти Лова шурӯъ шуд .

Ба гузориши Блумберг, Десантиси Ҷумҳӯрихоҳ якшанбе шаб бо интишори видиое дар шабакаи иҷтимоъии Икс(Х) зимни интиқод аз « Никки Ҳалей » рақиби Трамп гуфт : Бар ман ошкор аст, ки аксарияти рай диҳандагон дар интихоботи муқаддамотии ҳизби ҷумҳӯрихоҳон мехоҳанд ба Доналд Трамп фурсати дуборае бидиҳанд .

Канорагирии Десантис дар ҳоле аст, ки вай дар интихоботи муқаддамотии Лова натавонист интизоротро бароварда кунад ва дар интихоботи муқаддамотии Иёлоти Нев-Ҳампшире, ки ҳафтаи ҷорӣ баргузор мешавад ، шонс чандоне надошт .

Десантис дар ҳоле вориди муборизоти интихоботии раёсати Ҷумҳурии Амрико шуда буд, ки нисбат ба Трамп шонси болои дошт ва  назарсанҷиҳои аввалия нишон медод, ки вай дар муқобили Трамп аз ҷойгоҳи беҳтарӣ бархӯрдор аст .

Десантис ва муттаҳидонаш тавониста буданд ҳудӯди яксад миллион доллар кумаки интихоботи ҷазб кунанд .

Натоиҷи назарсанҷиҳои ахир нишон медиҳад 56 дарсад аз мардуми Амрико аз тасмими Додгоҳи олии ин кишвар барои салби салоҳият аз Доналд Трамп барои ширкат дар интихоботи аввалия дар тамоми Иёлотҳо ҳимоят мекунанд ва ё хостори он ҳастанд, ки Иёлотҳо дар бораи ҳузур ё адами ҳузури Трамп дар интихоботи Иёлоташони тасмимгирӣ кунанд .

Бештар бихонед:

Барчасп