Таҳлил: Иқдомоти ҷангафрӯзонаи ҷаддиди Ғарб дар минтақаи Ғарби Осиё
(last modified Wed, 24 Jan 2024 05:53:06 GMT )
Январ 24, 2024 10:53 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Иқдомоти ҷангафрӯзонаи ҷаддиди Ғарб дар минтақаи Ғарби Осиё
    Таҳлил: Иқдомоти ҷангафрӯзонаи ҷаддиди Ғарб дар минтақаи Ғарби Осиё

Амрико ба унвони муттаҳиди стротежики режими саҳюнистӣ дар ростои ҳифзи манофеи амниятӣ ва иқтисодӣ ва тиҷории ин режим дар дарёии Сурх дар авосити декабр эҷоди эътилофи дарёии мавсӯм ба нигаҳбони рифоҳро эълом кард,ки албата бо истиқболи кишварҳои аврупоӣ ба ҷузъ Британия мувоҷеҳ нашуд .

Дар охирин иқдоми низомии фармондеҳии марказии Амрико ( СЕНТКОМ ) эълом кардааст, ки дар соъати 23 : 59 душанбеи 22 январ ба вақти Санъо неруӢ дарёии Амрико ва  неруӣ ҳавоии Британия бо ҳимояти Австралия ، Баҳрайн ، Канада ва  Ҳоланд ба 8 ҳадафи Ансоруллоҳи Яман ҳамла карданд . СЕНТКОМ муддаӣ аст, ки ин аҳдои шомили сомонаҳои мушакӣ,  лончрҳо, сомонаҳои падофанди ҳавоӣ ، радарҳо, таъсисот ва  анбори таслеҳот мешавад, ки бархе аз пойгоҳҳо дар умқи замин қарор доштанд .

Ҳадафи Амрико ва муттаҳидин аз ин ҳамалот ، тазъиа мрикоӣ ва битанияӣ ва ҳамчунин киштиҳои тиҷории байналмилалӣ дар дарёии Сурх,тангаи Боб ал-Манаб Халиҷи Адан гузориш шудааст . Ҳамчунин дар ин баёния омадааст : Ин ҳамалот,  мутамойиз аз амалиёти эътилофи чандмиллиятии нигаҳбони рифоҳи сӯрат гирифтааст .

Артиши Ямани тайи чанд моҳи гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар навори Ғазза чанд киштии режими саҳюнистиро дар дарёӣ Сурх ва тангаи Боб ал-Манаб ҳадаф қарор додааст. Неруӣ дарёии Яман пештар ҳушдор дода буд, ки амалиёти низомии алайҳи киштиҳо ва манофеи душмани саҳюнистро то замоне, ки таҷовузоти он ба Ғазза ва  ҷиноёташ алайҳи миллати Фаластин мутаваққиф шавад, идома хоҳад дод . Режими саҳюнистӣ, ки аз таъмини амнияти киштиҳои худ оҷиза ст барои ҳали ин масаъла даст ба домани Амрико шуд ; Аммо ташкили эътилофи ҷадиди дарёӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида ҳам корсоз нашуд . Муҳаммад Алӣ  ал-Ҳойзӣ узви Шӯрои олии сиёсии Яман мегӯяд : Ҳадафи эътилофи дарёӣ, ки эълом шуд, ҳифозат аз Исроил ва на киштиронии байналмилалӣ аст . Вай таъкид кард, ки кишвараш посухи ҳаргуна ҳамлаи Амрикоро хоҳад дод .

Ҳамалоти Яманиҳо ба киштиҳои тиҷорие, ки ба самти Фаластини ишғолӣ ҳаракат мекунанд ва ё муртабит бо режими саҳюнистӣ ҳастанд ، илова аз ин,ки хисороти ҷаддидро ба Исроил, ки беш аз 90 дарсади тиҷорати хориҷии онҳо ба дарё вобастааст ، ворид карда ، дар айни ҳол ҳазинаҳои тиҷорати дарёӣ дар ҷаҳон ( ба вижа барои қудратҳои ғарбӣ )-ро низ ба наҳви қобили мулоҳизае афзоиш додааст .

Иддаои Амрико ин аст, ки бо иқдоми Яманиҳо ، амнияти ҳамлу нақли дарёӣ дар дарёии Сурх мавриди таҳдии қарор гирифтааст . Дар ҳоле, ки ҳадафи воқеии он аз ташкили эътилофи дарёӣ ҳифзи амнияти Исроил аст . Давлати Байден аз замони оғози ҳамалоти ҳавоӣ ва  заминии режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза,  аз режими саҳюнистӣ ба сӯрати ҳамаҷониба ҳимоят кардааст .

Вашингтон бар ин гумон аст, ки бо ташкили эътилофи дарёӣ дар дарёӣ Сурх амнияти саҳюнистҳо афзоиш пайдо хоҳад кард . Дар ҳоле, ки иқдомоти таҳоҷумии Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш ба вижа ҳамалоти ҳавоӣ ва  мушакии чанд бора ба Яман сарфан мӯҷиби афзоиши танишҳо ва  афзоиши густариши доманаи даргириҳо дар сатҳи минтақа шуда ва дар ростои оташафрӯзии бештар дар ғарби Осиё онҳам дар масири хостаҳои номашрӯъи сарони режими саҳюнистӣ сӯрат гирифтааст .