Густариши ҳамкориҳои илмии Эрону Покистон
(last modified Wed, 24 Jan 2024 14:26:14 GMT )
Январ 24, 2024 19:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории илмии Эрон ва Покистон
    Ҳамкории илмии Эрон ва Покистон

Раиси Комиссияи омӯзиши олии Покистон аз густариши ҳамкориҳои илмии Исломобод - Теҳрон хабар дод.

Мухтор Аҳмад, раиси Комиссияи омӯзиши олии Покистон дар гуфтугӯ бо ИРНА бо таъкид бар тавсеаи равобити Исломобод - Теҳрон дар ҳавзаҳои илмӣ гуфт: Ду кишвар тавофуқ карданд дар ҳавзаи омӯзиши олӣ ва илму фанноварӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш диҳанд.

Мухтор Аҳмад бо баёни ин ки Эрон дар заминаи илмиву фанноварии Эрон пешрафтҳои хубе доштааст ва донишомӯхтагону донишмандони эронӣ дар ин замина ҳарфҳои зиёде барои гуфтан доранд, афзуд: Дар сафари ҳафтаи гузашта ба Теҳрон ва дидор бо масъулони ҳавзаи илму фанноварии Эрон, бар густариши ҳамкориҳои илмиву фанноварӣ миёни 2 кишвар таъкид шуд.

Муҳаммадалӣ Зулфигул, вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон дар дидори Мухтор Аҳмад, раиси Комиссияи омӯзиши олии Покистон гуфт, муносиботу муштаракоти зиёде байни Эрону Покистон дар заминаҳои мазҳабӣ, динӣ ва фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ки муҷиб шудааст то иртибототи ду кишвар бисёр амиқ бошад.

Вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон бо таъкид бар тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвари Эрону Покистон гуфт, муқарар шуд, ду кишвар дар заминаи эҷоди паркҳои илмӣ - фанноварӣ ҳамкорӣ кунанд.