Январ 25, 2024 19:03 Asia/Dushanbe
  •  Оғози бузургтарини размоиши НАТО аз замони ҷанги сард

Созмони НАТО аз оғози баргузории бузургтарин размоиши ин созмони низомӣ аз замони ҷанги сард то кунун хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Райтер,размоиши НАТО, ки "мудофъи устувор 2024" (steadfast defender 2024 ) ном дорад бо ширкати беш аз 90 ҳазор неруи низомӣ аз Амрико ва кишварҳои ҳампаймони НАТО тайи се моҳ баргузор мешавад.

Дар ин размоиш, ки то охирҳои моҳи май дар Аврупо ва уқёнуси Атлантика идома дорад, беш аз 50 киштии ҷангӣ, 80  ҷанганда, чархбол ва паҳпод ва ҳадди ақал 1100 худрави ҷангӣ шомили 133 тонк ва 533 худрави размӣ ширкат хоҳанд кард.

 НАТО дар баёнияи худ ишорае ба номи Русия накарда, аммо дар санади роҳбурди аслии он аз Маскав ба унвони муҳимтарин таҳдиди зидди амнияти аъзои ин паймон ёд кардааст.

 

Барчасп