Январ 04, 2017 11:49 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди дубораи ҳолати фавқулода дар Туркия

Намояндагони Парлумони Туркия сешанбе шаб бо дархости давлати ин кишвар барои тамдиди дубораи ҳолати фавқулода дар Туркия мувофиқат карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, лоиҳаи тамдиди ҳолати фавқулода дар Туркия рӯзи душанбе аз сӯи дафтари нахуствазирии ин кишвар ба Парлумони Туркия ироа шуда буд .

Тамдиди ҳолати фавқулода, ки ихтиёроти вижае ба нерӯҳои амниятии Туркия медиҳад ва имкони боздошти бидуни тафҳими иттиҳоми афродро фароҳам мекунад, се рӯз пас аз он рух додааст, ки афроди мусаллаҳ бомдоди якшанбеи гузашта бо вуруд ба як бошгоҳи шабона дар Истанбул ҳозиронро ба рагбор бастанд .

Дар ин ҳамлаи террористӣ, ки ДИИШ масъулияташро бар уҳда гирифт, дастикам 39 нафар аз ҷумла як афсари полис кушта ва 65 нафар захмӣ шуданд .

Пас аз кудатои нофарҷоми 15 июли Туркия, дар ин кишвар ҳолати фавқулода эъмол шудааст ва токунун дастикам 37 ҳазор нафар ба ҷурми даст доштан дар ин кудато боздошт шудаанд .

Ҳолати фавқулода пештар як бор барои даврае семоҳа, ки се ҳафтаи дигар ба поён мерасад, тамдид шуда буд .

Ҳамчунин Парлумони Туркия рӯзи сешанбе муҷаввизи давлати ин кишвар мабнӣ бар тамдиди ҳузури нерӯҳои Туркия дар қолаби нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро барои 2 соли дигар тасвиб кард.

 

Барчасп