филм / Ҷашни солрузи пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Пешовари Покистон
Ширкаткунандагон дар маросими ҷашни солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Пешовар, маркази иёлати Хайбарпахтунхои Покистон чиҳилу панҷсола шудани Инқилоби исломӣ ва ҳамчунин дастовардҳои бузурги ин инқилоб дар арсаҳои мухталифро ба мардум ва давлати Эрон табрик гуфтанд.
Рӯзи якшанбе (22 баҳмани 1402 мусодиф бо 11 феврали 2024 )чиҳилу панҷумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон буд. Ба ҳамин муносибат ин сана илова бар дохили Эрон дар бархе кишварҳои дигар аз ҷумла Покистон гиромӣ дошта шуд. Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Исломобод,маросими рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гиромидошти чиҳилу панҷумин солрӯзи пирӯзии Инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон бо ҳузури дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Покистон ва ҳамчунин шахсиятҳои барҷастаи парлумонӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва расонаии ин кишвар дар шаҳри Пешовар баргузор шуд. Ҳоҷӣ Ғуломалӣ-сарвазири аёлати Хайбарпахтунхоҳ теъдоде аз вазирони кабинаи давлати муваққати ин иёлати Покистон, намояндагони Маҷлис, раисони утоқҳои бозаргонӣ, Ҳофиз Муҳибиллоҳ-сарконсули Афғонистон дар Пешовар низ аз ҷумлаи меҳмонони ин маросим буданд.
Бар асоси ин гузориш дар ин маросим Бунафшахоҳ-сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Пешовар ба баёни дастовардҳои Инқилоби исломии Эрон дар заминаҳои мухталифи пардохт ва рӯйкардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломӣ дар мавриди масоили муҳимми минтақаӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин равобити дуҷониба бо Покистонро барои ширкаткунандагон ташреҳ кард. Ҳамчунин дар ин маросим илова бар суханрониҳо, клипҳои аз дастовардҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ, илм ва фановарӣ, дифоъӣ, саноъат, кишоварзӣ ва ҷозибаҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангии Эрон пахш шуд.
Дар ҳамин ҳол дар бахше аз ин барнома низ шоирон ба хондани ашъор дар васфи Инқилоби исломии Эрон ба забон урду пардохтанд.