Маҳкумияти дуздии ошкори ҳавопаймои Венесуэла тавассути Амрико
(last modified Tue, 13 Feb 2024 08:16:41 GMT )
Феврал 13, 2024 13:16 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти дуздии ошкори ҳавопаймои Венесуэла тавассути Амрико

Давлати Венесуэла дуздии ошкори ҳавопаймои мутааллиқ ба ин кишвар тавассути Амрикоро ба шиддат маҳкум кард.

Ҳавопаймои Боинг 747-300, мутааллиқ ба ширкати Имтрасур (emtrasur)и Венесуэла, ки таҳти таҳримҳои Вазорати хазонадории Амрико қарор дорад, бо вуҷуди ин воқеият, ки ҳеҷ иқдоми ғайрқонуние тавассути хадама ва маҳмулае, ки дар замони нигаҳдории он ҳамл мекард, вуҷуд надошт, аз июни 2022 ба таври худсарона дар Аргентина тавқиф ва мусодира шуд.

 Бино бар эъломи рӯзи душанбеи Вазорати додгустарии Амрико, ин ҳавопаймо ба иёлати Флорида расида ва исқот хоҳад шуд.

Давлати Венесуэла эълом кард, дуздии ҳавопаймои мутааллиқ ба ин кишвар, ки пас аз тавтеа миёни давлатҳои Амрико ва Аргентина сурат гирифт, амалиёти шармовари ғоратгарӣ аст.

 Дар баёнияи давлати Венесуэла омадааст, Амрико ва Аргентина, ҳамаи қонунҳои ҳавонавардии ғайринизомӣ ва ҳамчунин ҳуқуқи тиҷорӣ, маданӣ ва сиёсии ширкати ёдшударо поймол карда ва эминии ҳавонавардӣ дар минтақаро ба хатар андохтаанд.

 Иттиҳодияи боливарӣ барои миллатҳои Амрикои лотин (АЛБА) низ дар баёнияе дуздии ошкори ҳавопаймои Венесуэла тавассути Амрикоро таҷовуз ба ҳокимияти Венесуэла донист.

 Ин иттиҳодия ҳамчунин эълом кард: Ин таҷовуз яке дигар аз паёмадҳои иқдомоти зӯргуёна тавассути давлати Амрико аст, ки ҳокимияти Венесуэларо таҳдид ва усули асосии маншури СММ ва ҳуқуқи байналмилалро поймол мекунад.