Хайрухуши 95 дарсади тиҷорати се узви БРИКС бо доллари Амрико
(last modified Sat, 17 Feb 2024 07:36:16 GMT )
Феврал 17, 2024 12:36 Asia/Dushanbe
  • Хайрухуши 95 дарсади тиҷорати се узви БРИКС бо доллари Амрико

Русия, Чин ва Ҳинд, ки аз аъзои БРИКС ҳастанд, дар ростои сиёсати долларзудоӣ, истифода аз доллари Амрикоро дар тиҷорати худ 95 дарсад коҳиш додаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,Татяна Муҳогон, дабири кулли утоқи бозаргонии байналмилалӣ, аз тағйири густурда дар арз(валюта)и истифодашуда дар муомилоти Русия бо Чин ва Ҳинд сухан гуфт.

 Ин тағйир ба маънии афзоиши густурдаи истифода аз пули миллӣ дар тиҷорати байн Русия ва ду кишвари дигари ёдшудааст.

 Илова бар ин бар асоси гузориши утоқи бозаргони   байналмилалӣ, тасавияҳисобҳои Русия барои содирот, ҳам ба доллар ва ҳам ба евро низ ба шиддат коҳиш ёфта ва ба таври хосс, аз беш аз 85 дарсад дар сол 2021 ба 34 дарсад дар сол гузашта расидааст.

 Дар тӯли соли гузашта эътилофи иқтисодии БРИКС аз барномаҳои худ барои «долларзудоӣ» ошкоро сухан гуфтааст. Дар воқеъ дар авҷи афзоиши таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, ин кишвар тамаркузи худро дар тиҷорат тағйир дод.

 БРИКС (brics)- номи гурӯҳе ба раҳбарии қудратҳои навзҳури иқтисодӣ аст, ки аз ба ҳам пайвастани ҳуруфи аввали номи англисии кишварҳои Бразилия, Русия, Ҳинд,Ччин ва Африқои ҷанубӣ ташкил шудааст.

 Аз ибтидои соли 2024 низ чанд кишвари дигар аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин гурӯҳ пайвастаанд.

 Кишварҳои узви гурӯҳи  БРИКС беш аз 40 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон ва наздик ба чаҳоряки тавлид нохолиси дохилии кураи  Заминро дар ихтиёр доранд.