Феврал 26, 2024 20:11 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои вазири хориҷаи Эрон
    Ройзаниҳои вазири хориҷаи Эрон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи панҷоҳупанҷумин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женеваи Швейтсария, бо дабири кулли СММ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи панҷоҳупанҷумин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женеваи Швейтсария, илова бар дидору гуфтугӯ бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бо Абдуллоҳ Алӣ Аляҳё, Эман Сафади ва Буйтон Сон, вазирони умури хориҷаи Кувайт, Урдун ва Ветнам низ дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар кард.

Ҳамчунин гуфтугӯ ва ройзанӣ дар бораи охирин вазъияти борикаи Ғазза ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Фаластин муҳимтарин дастури кори дидори вазирони умури хориҷаи Эрону Урдун эълом шудааст.

Вазирони умури хориҷаи Эрону Ветнам низ дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф гуфтугӯ карданд.

 

Барчасп