Январ 05, 2017 12:15 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи 16 миллион нашрия ва 14 ҳазор вебсайт дар Чин

Давлати Чин аз интишори 16 миллион нашрияи ғайриқонунӣ ва фаъолияти 14 ҳазор вебсайти мутахаллиф дар соли 2016 ҷилавгирӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Чин солҳост, ки мубориза бо иқдомот ва фаъолиятҳои ғайри ахлоқӣ дар шабакаҳои маҷозиро густариш дода ва токунун фаъолияти ҳазорон торнома ва вебсайтро таълиқ ва ҳатто мутаваққиф кардааст.

Ин гузориш меафзояд, дар соли 2016 ин идора муваффақ шудааст чаҳор миллиону 500 ҳазор матлаб, акс ва тасвири ғайри ахлоқиро аз рӯи шабакаи интернитии Чин ҳазф кунад.

Мубориза бо фаъолитҳои ғайри ахлоқӣ дар интернет дар 3 соли гузашта дар давлати Сӣ Ҷинпин, раиси Ҷумҳурии Халқии Чин ташдид шудааст.