Вазири умури хориҷаи Чин: Ҷанги Ғазза нанги тамаддун аст
Вазири умури хориҷаи Чин, таҷовузи режими наслкуши Исроил ба борикаи Ғаззаро "нанги тамаддун" ва "ғамнома" (трагедя)и башарият дар қарни бисту якум донист.
Режими наслкуши Исроил аз ҳафтуми октябри гузашта бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарии рӯди Урдун зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти Исроил, мӯҷиби тадовуми куштори занон ва кӯдакони фаластинӣ тавассути мошини ҷангии ин режими номашруъ шудааст.
Дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дар панҷ моҳи гузашта беш аз 30 ҳазору 700 нафар шаҳид ва беш аз 72 ҳазор нафар захмӣ шуданд.
Ҷомеъаҳои байналамилалӣ барқарории оташбас дар борикаи Ғаззаро хосторанд, аммо режими саҳюнистӣ ва Амрико мухолифи барқарории оташбас дар ин минтақа ҳастанд.
Ба гузориши ИРНА, Ванг Йи, вазири умури хориҷаи Чин рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи нишасти солонаи Маҷлиси қонунгузории Чин бо таъкид бар таваққуфи ҳамалоти артиши Исроил ба борикаи Ғазза ва барқарории оташбас гуфт, ишғоли тӯлонии сарзаминҳои Фаластин аз тарафи Исроил воқеияте аст, ки дигар набояд нодида гирифта шавад ва муҳиммтар аз он, беадолатии таърихӣ дар ҳаққи фаластиниён набояд муҷоз бошад ва насл ба насли дигар идома ёбд.
Чжан Цзюнь,намояндаи Чин дар Созмони милал ҳам таъкид кард, оташбаси фаврӣ дар Ғазза пешниёзе барои наҷоти ғайринизомиёни бегуноҳ ва ироаи кумакҳои башардӯстона ва калиде барои ҷилавгирӣ аз шиддатёбии бештар ва густариши даргирӣ аст.