Март 07, 2024 20:11 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Африқои ҷанубӣ бар фишори байналмилалии бештар алайҳи режими саҳюнистӣ

Бо тадовуми ваҳшигарӣ ва наслкушии режими ишғолгари Исроил дар борикаи Ғазза, Африқои ҷанубӣ аз Девони байналмилалии додгустарӣ дархост кард, то иқдомоти изтирории бештаре зидди режими саҳюнистӣ анҷом диҳад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Алҷазира", Африқои ҷанубӣ зимни дархости таҳарруки фаврии Девони байналмилалии додгустарӣ барои ҷилавгирӣ аз қаҳтӣ дар борикаи Ғазза, таъкид кард: Ниёз ба иқдомоти бештаре барои тазмини амният ва саломати ду миллиону сесад ҳазори фаластинӣ дар Ғазза вуҷуд дорад.

 Африқои ҷанубӣ пештар шикояти зидди режими саҳюнистӣ ба далели поймолсозии конвенсияи наслкушӣ ба Девони байналмилалии додгустарӣ ироа кард.

Янсент Магунья-сухангӯи расмии раиси ҷумҳури Африқои ҷанубӣ низ бар лузуми фаъолиятҳои фаврии Девони байналмилалии додгустарӣ  барои итминон аз ҷилавгирии наслкушии бештар дар борикаи Ғазза таъкид кард.

 Ҳукми аввалияи Девони байналмилалии додгустарӣ дар бораи шикояти Африқои ҷанубӣ аз режими саҳюнистӣ ҷумъа 25 феврал содир шуд ва бар асоси он ин режим  мулзам шуд, ки иқдомотеро дар ростои мамониъат аз наслкушӣ дар Ғазза анҷом диҳад.

 Режими наслкуши Исроил аз ҳафтуми октябри гузашта бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарии рӯди Урдун зидди мардуми бедфоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти Исроил, мӯҷиби тадовуми куштори занон ва кӯдакони фаластинӣ тавассути мошини ҷангии ин режими номашруъ шудааст.

 Дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дар панҷ моҳи гузашта беш аз 30 ҳазору 700 нафар шаҳид ва беш аз 72 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

 Ҷомеъаҳои байналмилалӣ барқарории оташбас дар борикаи Ғаззаро хосторанд, аммо режими саҳюнистӣ ва Амрико мухолифи барқарории оташбас дар ин минтақа ҳастанд.

 

Барчасп