Март 07, 2024 20:29 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Амрико ба тавқифи маҳмулаи нафтии худ дар Эрон

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико дар вокуниш ба тавқифи маҳмулаи нафтии кишвараш ба арзиши беш аз 50 миллион доллар аз сӯи додгоҳи ҳуқуқии равобити байналмилали Теҳрон ба нафъи беморони парвонаӣ дар Эрон, хостори озодии фаврии он шуд.

 Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико, дар посух ба саволоти дар бораи тавқифи маҳмулаи нафти Амрико аз сӯи Эрон ба арзиши беш аз 50 миллион доллар муддаӣ шуд: «Таҳримҳои мо ҳамеша барои тадоруки ақломи башардӯстона монанди маводи ғизоӣ, дору , лавозим ва таҷҳизоти пизишкӣ ва кишоварзии истисно қоил будааст.»

 Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико иддао кард: «Мо ҳеҷ вақт ҷилави расидани дору ба мардуми Эронро нагирифтаем.»

 Ин мақоми аршади Вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин муддаӣ шуд, ки ин сиёсати ҳамаи давлатҳои мухталифи Амрико дар эҷоди таҳримҳои зиддиэронӣ будааст ва хостори озодии фаврии нафткаши « Adventure Suite» аз сӯи Эрон шуд.

 Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар посух ба савол дар бораи далели тавқифи киштиҳои ҳомили колоҳои эронӣ аз сӯи Амрико муддаӣ шуд: «Ҳеҷ гоҳ колоҳое, ки аз таҳрим муоф буда, тавқиф нашудааст ва ончи забт шуда тибқи қонуни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом шудааст».

 Миллер иддао кард: «Эрон дар солҳои ахир чандин киштии дар ҳоли тараддуд дар обҳои Ховари Миёнаро ба таври ғайриқонунӣ тавқиф кардааст. Тадовуми озору азияти Эрон барои киштиҳо ва мудохила дар ҳуқуқ ва озодиҳои дарёнавардӣ дар обраҳаҳои ҳаётии минтақа, таҳдиде барои амнияти дарёӣ, суботи минтақае ва иқтисоди ҷаҳонӣ аст.»

 Додгоҳи ҳуқуқи равобити байналмилали (шӯъба 55) Теҳрон 16 исфандмоҳи 1402 дастури тавқифи маҳмулаи нафтии Амрико дар халиҷи Форсро содир кард ва маҳмулаи ин киштӣ тавқиф шуд.

 

Барчасп