Ҷидоли сиёсӣ дар Амрико бар сари Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11263-Ҷидоли_сиёсӣ_дар_Амрико_бар_сари_Русия
Баҳс бар сари дахолати эҳтимолии Русия дар ҷараёни рақобатҳои интихоботии раёсати ҷумҳурии Амрико ба ҷидоли амиқи сиёсӣ дар ин кишвар табдил шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 05, 2017 18:35 Asia/Dushanbe
  • Ҷидоли сиёсӣ дар Амрико бар сари Русия

Баҳс бар сари дахолати эҳтимолии Русия дар ҷараёни рақобатҳои интихоботии раёсати ҷумҳурии Амрико ба ҷидоли амиқи сиёсӣ дар ин кишвар табдил шудааст.

Дар ҳоле ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико ва мушовиронаш ба шиддат чунин дахолатеро рад мекунанд, давлати демократи кунунӣ, ҷомеаи иттилоотӣ ва бархе аз ҷумҳурихоҳони Конгресс ҳамчунон бар нақши Русия дар пирӯзии Трамп таъкид доранд.

Қарор аст имрӯз ва дар оғозин рӯзҳои ташкили Конгресси ҷадид, Сенати Амрико ҷаласаеро барои баррасии ҳамалоти ҳакерии Русия ба Амрико бо ҳадафи таъсиргузорӣ бар натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии ахири ин кишвар баргузор кунад. Ҳамзамон, сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Макккейн, раиси Кумитаи хадамоти низомии Сенати Амрико ин иқдоми Русияро эълони ҷанг ба Амрико тавсиф кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки бархе гузоришҳо аз тасмими Доналд Трамп барои тағйир дар ҷомеаи иттилоотии Амрико ва коҳиши ҷойгоҳи мудири иттилооти миллӣ ба унвони раиси кунунии ҷомеаи 16 узвии иттилоотии ин кишвар ҳикоят дорад.

Дар ҳоли ҳозир ва пеш аз оғози раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп, ки аз 15 рӯзи дигар шурӯъ мешавад, мавзӯи наҳваи таомул бо Русия ба яке аз умдатарин чолишҳои пешорӯйи давлати баъдии Амрико бадал шудааст. Ин мавзӯъ фақат муносиботи сиёсӣ миёни Маскаву Вашингтонро дар бар намегирад, балки ҳамакнун ба баҳси перомуни машруияти сиёсии раиси ҷумҳурии баъдии Амрико бадал шудааст.

Гурӯҳи зиёде аз ҷомеаи Амрико, шомили нухбагони сиёсии Ҳизби демократ ва бархе аз нухбагони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар мавриди нақши Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар таъйини раиси ҷумҳурии Амрико тардид доранд. Мавозеи созмонҳои иттилоотиву амниятии Амрико дар доман задан ба чунин овозае низ муассир будааст. Албата дур аз интизор хоҳад буд, ки раиси ҷумҳурии баъдии Амрико дар ниҳоят бо арзёбии ҷомеаи иттилооти ин кишвар дар мавриди нақши Русия дар интихоботи моҳи ноябр мувофиқат намояд. Зеро дар ин сурат, машруияти худро зери савол мебарад. Бо ин ҳол, аз ҳамакнун метавон интизор дошт, ки давлати баъдии Амрико бо созмонҳои қудратманде ҳамчун Созмони иттилооти марказӣ-СИА- Идораи таҳқиқоти федералӣ –Эф Би Ай -, Ожонси амнияти миллӣ-Эн Эс Ай  ва дар ниҳоят бо мудирияти иттилооти миллӣ дучори чолиш шавад. Ин вазъият метавонад осебпазирии Амрикоро баробари таҳдидоти фазояндаи иттилоотӣ ва амниятӣ дар дохилу хориҷ аз ин кишвар афзоиш диҳад.

Аз сӯйи дигар, дар фазое ба шиддат зиддирусӣ, ки бар Конгресси Амрико ҳоким аст, наздикии Трамп ба Путин хашми бархе аз ҷумҳурихоҳон, ба вижа гурӯҳи муҳофизакорони навинро бархоҳад ангехт. Ин дар ҳоле аст, ки Трамп барои касби раъйи эътимоди Сенат ба аъзои давлати худ ва ҳамчунин пешбурди бархе аз ваъдаҳои интихоботие назири ҳазфи бимаҳои дармонии арзонқимат ва ислоҳи қонунҳои молиётӣ, муҳоҷиратӣ ва даҳҳо мавзӯи чолишбарангези дигар ба иттиҳод дар Ҳизби ҷумҳурихоҳу аъзои ин ҳизб дар Конгресс ниёз дорад. Бо ин ҳол, ҳатто пеш аз оғози раёсати ҷумҳурии Трамп, бархе чеҳраҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳамчун сенатор Ҷон Маккейн рӯдаррӯйи раиси ҷумҳурии баъдии Амрико қарор гирифтаанд. Дар ин миён, ҳамсӯии ақаллияти демократи Конгресс бо ҷумҳурихоҳони норозӣ, бар душвориҳои давлати баъдии Амрико хоҳад афзуд.