Рақобат миёни Трамп ва Байден дар интихоботи пеши рӯ дар Амрико
(last modified Thu, 14 Mar 2024 10:30:43 GMT )
Март 14, 2024 15:30 Asia/Dushanbe
  • Рақобат миёни Трамп ва Байден дар интихоботи пеши рӯ дар Амрико

Бо таъйини таклифи номзадҳои ниҳоӣ дар интихоботи дарунҳизбии ду ҳизби аслии Амрико, яъне демократҳо ва ҷумҳурихоҳон рақобат миёни Ҷо Байден ва Доналд Трамп дар интихоботи раёсатчумҳурии 2024 қатъӣ шуд.

Дар поёни интихоботи дарунҳизбии 12 март, Ҷо Байден, раисиҷумҳурии кунӯнӣ ва номзади Ҳизби демократ ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури пешин ва номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ҳар кадом ба ҳадди ниссоби каминаи орои мавриди ниёз даст ёфтанд ва ба ин тартиб ду рақиб бояд худро барои рақобатии дигар барои интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр, омода кунанд. Байден дар интихоботи муқаддамотӣ рақиби ҷиддӣ надошт ва ба осонӣ ба ҳадди ниссоби лозими орои намояндагони узви Конвенсияи миллии демократ расид. Вай барои пирӯзӣ дар Ҳизби демократ ба ҳазору 968 раъйи намояндагони узви Конвенсияи миллии демократ ниёз дошт, ки мутобиқи омори эълом шуда теъдоди раъйҳои вай аз марзи 2 ҳазору 100 нафар фаротар рафтааст.

Трамп низ каме сахттар, аммо ба суръат рақибояшро аз давр хориҷ кард. Охирин рақиби боқимондаи ӯ дар интихобот Никки Ҳейли буд, ки пас аз рӯйдоди маърӯф ба “сешанбеи бузург” эъломи канорагирӣ кард. Трамп барои пирӯзӣ дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба ҳудӯди ҳазору 215 раъйи намояндагони узви Конвенсияи миллии ҷумҳурихоҳ ниёз дошт, ки бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, мизони раъйи ӯ аз ин рақам убӯр кардааст.

Бад-ин тартиб дар интихоботи раёсатҷумҳурии ноябри 2024 ҳамчун чаҳор сол қабл бори дигар Ҷо Байден ва Доналд Трамп барои касби маснади раёсатҷумҳурӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Байден пас аз пирӯзӣ дар баёнияе шадидулаҳн ба дидгоҳҳои Доналд Трамп тохт ва корзори интихоботии ӯро «корзори хашму интиқомҷӯӣ, ки бунёни андешаи Амрикоро таҳдид мекунад» хонд.

Вай ҳамчунин аз дастовардҳои иқтисодии давлати худ дифо кард. Маҳбӯбияти Байден тайи моҳҳои ахир суқӯт кардааст. Мавозеи вай дар ҷанги Ғазза ва идомаи ҳимоятҳо ва кумакҳои Амрико ба режими саҳюнистӣ дар наслкушии фаластиниёни сокини Ғазза хашми бисёре аз мақомоту шаҳрвандони Амрикоро барангехта аст.

Чунончӣ Гилонӣ Ҳусайн, мудири шуъбаи Миннесоте дар Шӯрои равобити амрикоӣ - исломӣ чанде пеш эълом кард, ҷамъияти зиёде аз мусулмонони амрикоӣ мутааҳҳид шуданд дар интихоботи 2024 раёсатҷумҳурии Амрико, Ҷо Байден, раисиҷумҳури кунӯнии ин кишварро ба далели ҳимоятҳояш аз ҷанги Исроил алайҳи Ғазза, канор бигузоранд.

Аз сӯи дигар Доналд Трамп низ пас аз пирӯзӣ бори дигар ба сиёсатҳои Байден тохт ва даврони раёсатҷумҳурии вайро «заъифтарин давраи таърихи Амрико» хонд. Вай дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоии ҳамрасонӣ кард, гуфт, барои ҷашн гирифтан вақт надорем, дар иваз бояд тамаркузи худро бар шикасти Байден бигзорем, зеро ӯ бадтарин раисиҷумҳури таърихи Иёлоти муттаҳида аст. Трамп пеш аз ин низ Байденро ба шикаст дар сиёсати муҳоҷират муттаҳам карда ва ӯро «бадтарин раисиҷумҳур» дар тамоми давронҳо хонд.

Акнӯн ки мушаххас шуда рақобати поёнӣ миёни Ҷо Байден ва Доналд Трамп хоҳад буд, давраи ҷадиде аз рақобат миёни ду номзад оғоз шудааст. Шароит барои пирӯзии ҳар ду сахт аст. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, барои бисёре аз шаҳрвандони амрикоӣ муҳоҷират ва иқтисод гузина муҳимме аст ва дар сиёсати хориҷӣ низ поёни ҳимоятҳои Амрико аз Исроил ба таври вижа маддиназари раъй диҳандагон қарор дорад.

Трамп тамаркузи корзори интихоботии худро бар эъмоли сиёсатҳои сахтгирона дар заминаи муҳоҷират, аз ҷумла ташдиди амнияти марзӣ ва ихроҷи «муҳоҷирони ғайриқонӯнӣ» гузоштааст. Вай гуфт, мо марзҳои худро мебандем. Корҳоеро анҷом медиҳем, ки ҳеҷ кас то ба ҳол надидааст. Мо мехоҳем иқтисоди кишварамонро ба беҳтарин иқтисоди ҷаҳон табдил кунем.

Бо ин ҳол, бисёре аз шаҳрвандони амрикоӣ муътақиданд, Трамп дар сӯрати маҳкӯм шудан дар парвандаҳои кайфарии худ шоистаи ҳузур дар Кохи Сафед нест, ҳамчунин бисёре низ сиёсатҳои вайро тундгароёна дониста ва ӯро муносиби раёсатҷумҳурӣ намедонанд. Бо ин ҳол Байден низ шонси зиёде барои пирӯзии дубора надорад. Сиёсатҳои хориҷии Амрико мавриди интиқоди бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар аст. Зимни инки гофҳои Байден ва гоҳ ҳавоспартиҳои ошкори вай бисёре аз амрикоиҳоро аз додани раъй ба вай мунсариф кардааст.

Баназар мерасад, дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр, мардуми Амрико бояд аз байни раисиҷумҳури кунӯнӣ ва раисиҷумҳури қаблии Амрико, раисиҷумҳури баъдиро интихоб кунанд, ба иборате онҳо бояд бо раъй ба Байден идомаи сиёсатҳои кунӯниро хостор шаванд ва ё бо раъй ба Трамп ба вазъияти гузашта боз гарданд.