Январ 06, 2017 19:50 Asia/Dushanbe
  • Зиёни ҳангуфти Иттиҳоди Аврупо аз таҳрими Русия

Маркази пажӯҳишҳои иқтисодии Австрия эълом кард, Иттиҳоди Аврупо ба иллати таҳрими Русия 17 миллиарду 600 миллион евро зиён дидааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Маркази пажӯҳишҳои иқтисодии Австрия эълом кард, таҳримҳое, ки Иттиҳоди Аврупо ба думболи муноқиша бо Русия бар сари Украина бар Маскав таҳмил кард, хисоратҳои иқтисодии зиёде ба кишварҳои узви ин иттиҳод, аз ҷумла Австрия ворид кард ва муҷиби аз даст рафтани 400 ҳазор фурсати шуғлӣ шуд.

Дар ин пажӯҳиш, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуда, омадааст, пойин рафтани арзиши рубл ва коҳиши баҳои нафт аз муҳимтарин омилҳои заъфи иқтисоди Русия ба шумор меравад, ки бар равобити тиҷорӣ байни Русия ва Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон таъсир гузоштааст.

Дар пайи тира шудани равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо бар сари Украина ва иқдоми Русия дар пайвастани Қрим ба хоки ин кишвар, Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои густурдаеро алайҳи Маскав эъмол кард ва Русия низ ба сурати ҳамсон воридоти бисёре аз колоҳои аврупоиро ба Русия мамнуъ кард.