Апрел 01, 2024 16:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ширкатҳои фанноварии эронӣ дар намоишгоҳи маҳсӯлоти шимиёии Маскав

Ширкатҳои фанноварии эронӣ бо арзаи маҳсӯлоти донишбуниён дар ҳавзаи маводи шимиёӣ, полимир, алёфу мансуҷоти шишаӣ, мошинолот ва  полиуретан дар намоишгоҳи маҳсӯлоти шимиёии Маскав ширкат карданд.

Понздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии маводи шимиёӣ, полимир, таҷҳизот ва мошинолоти ҷонибии мавсӯм ба «Полиуретан 2024» бо ҳузур беш аз ҳазору 200 ширкат аз 17 кишвари ҷаҳон, имсол дар ҳоле баргузор шуд, ки ширкатҳои эронӣ бо арзаи маҳсӯлоти фанноварона, назари ширкатҳои мутанозири русӣ барои ҳамкории баландмуддатро ҷалб карданд.

Илья Волков, муовини ширкати Диофори Русия дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симо ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ дар ҳавзаи хутути лӯлаи нафту газ ишора кард ва гуфт, ин ҳамкорӣ аз дусоли пеш вориди марҳалаи амалиётӣ шуда ва дар тавлиди маҳсӯли ниҳоӣ аз дониши фаннӣ ва маводи аввалияи эронӣ истифода мешавад.

 

Барчасп