Апрел 01, 2024 17:29 Asia/Dushanbe
  • Поёни буҳрони Ғазза ба равиши амрикоӣ

Намояндаи ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико пешниҳод кард, ки як бомби ҳастаӣ монанди Ҳирошима ва Нагасаки рӯи Ғазза андохта шавад то «ба суръат кор тамом шавад».

Тим Уолберг, ки намояндаи ҷануби Мичиган аст дар 25 март дар толори шаҳр дар ҳоли суҳбат бо ҳомиёни худ буд ва ба даврони Ҷанги ҷаҳонии дувуму ҳамалоти атомии Амрико алайҳи Ҷопон ишора карду хостори таваққуфи кумакҳо ба Ғазза шуд.

Уолберг мегуяд, набояд ҳатто як сикка барои кумакҳои башардӯстона ба мардуми Ғазза харҷ шавад.

Пас аз интиқодоти густарда, Уолберг дирӯз (якшанбе) дар баёнияе  дар ҳисоби корбарии худ иддао кард, ки манзураи истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ барои поён додан ба даргириҳо набудааст ва манзури тамаркузи кумакҳои Амрико ба шикасти сареъи Ҳамос ва ҳамчунин Русия будааст.

Вай муддаӣ шуда, видеои мунташир шуда аз ӯ, тақтеъ шуда то паёми мавҷӯд дар онро таҳриф кунад.

Бо вуҷӯди ин, гуруҳҳои мухталиф дар Амрико изҳороти ӯро маҳкӯм кардаанд.

 

Барчасп