Тафсир - тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафарии зидди Нитанияҳу дар Қудси ишғолӣ
(last modified Tue, 02 Apr 2024 07:25:13 GMT )
Апрел 02, 2024 12:25 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафарии зидди Нитанияҳу дар Қудси ишғолӣ
    Тафсир - тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафарии зидди Нитанияҳу дар Қудси ишғолӣ

Бинямин Нитанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ дар идомаи нокомиҳояш дар Ғазза ин бор бо бузургтарин тазоҳуроти густардаи мухолифони худ дар Қудс рӯ ба рӯ шуд, ки беш аз пеш , вайро ба поёни хат наздик мекунад .

Даҳҳо ҳазор нафар аз мухолифони Нитанияҳу дар Қудси ишғолӣ зимни баргузарии тазоҳуроти густарда бо таҷаммуъ дар муқобил  порлумони режими саҳюнистӣ , зидди Нитанияҳу ва кабинааш шиор доданд ва  хостори канорагирии вай ва  баргузории фаврии интихобот ва  ташкили Кабинаи ҷадид шуданд ; онон ҳамчунин ба муъофияти аъто шуда ба яҳудёни суннатӣ бисёр муҳофизакор аз хизмати сарбозӣ , эътироз доштанд .

Бо гузашти ҳудӯди шаш моҳ аз ҷанги режими саҳюнистӣ бар зидди мардуми Ғазза ва  иҷрои чандини амалиёти заминӣ дар ин минтақа , Нитанияҳу ва артиши режими саҳюнистӣ на танҳо дар таҳаққуқи аҳдофашон муваффақ набӯдаанд балки манотиқи ишғолиро бо тазодҳои дохилӣ ва  ташдиди ноамнӣ рӯ ба рӯ кардааст .

Аҳдофи эъломи Нитанияҳу аз байн бурдани Ҳамос , озодии усаро , кантроли борикаи Ғазза ва  ҳоким кардани ҷараёни дигар бар ин минтақа буд, ки дар иҷрои анҳо комилан ноком бӯдааст . Аз инрӯи мухолифони Нитанияҳу муътақиданд вай ва  Кабинааш , Исроилро ба лабаи партгоҳ савқ додаанд . Ин вазъият дар Фаластини ишғолӣ ба андозае буҳронофарин шудааст, ки таҳлилгарони саҳюнистӣ ҳам зимни таъкид бар нотавонии Нитанияҳу дар ба даст гирифтани кантроли борикаи Ғазза ба рағми кушта ва  захмӣ шудани ҳазорон низомии саҳюнистӣ ба нокоми дар дастёбӣ ба аҳдофаш изъон мекунанд . Ба унвони намуна Рунен Бергман Ronen Bergman таҳлилгари сиёсӣ ва  низомии саҳюнист дар мақолае дар рӯзномаи Yedioth Ahronoth навишт , ба сароҳат эълом мекунам, ки ҳамаи чиз муъаллақ аст ва  Исроил дар майдони набард дар ҳоли дарҷо задан аст . Дар воқеъ тамаркузи Исроил бар ботлоқе аст ки худаш онро ба вуҷӯд овардааст ва  вазъияти Исроил дар саҳнаи сиёсӣ ва  байналмилалӣ ҳар лаҳза вахимтар мешавад . Илова бар ин артиши Исроил бар асоси тарҳҳои вижа , ҳеҷ кадом аз аҳдофашро муҳаққиқ накардааст.

Коршиноси дигари саҳюнистӣ низ дар таҳлиле барои Ядиут Оҳорнут навишт , аз ибтидои ҷанг то кунӯн 598 низомии исроилии кушта ва  чандини ҳазор низомии дигар захмӣ шудаанд ки аморҳо бисёр бештар аз ин теъдодаст . Ба эътиқоди вай артиши Исроил ниёзманди манобеи бештаре барои таъмини нерӯ хоҳад буд ки дар ин замина низ бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст.

Фарид Муродии коршиноси масоили минтақа дар ин бора мегӯяд : “ Танҳо дастоварди режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза куштори беш аз сиву  ду ҳазор фаластинӣ аст, ки на танҳо муваффақияти низомӣ нест балки ҷинояти ҷангӣ аст ки ҷаҳонёнро зидди ин режим барангехтааст . Мардуми мазлӯми Ғазза дар амал нишон доданд бо додани шуҳадо на танҳо аз мавзеи худ ақаб нишинӣ намекунанд балки дар муқобила бо ишғолгарони мусаммамтар низ шудаанд “ .

Дар ҳар ҳол , Нитанияҳу барои сарпӯш гузоштан бар шикасти худ дар ҷанги Ғазза бар табли ҳамла бар рафаҳ мекубад ва  нияти  кучонидани фаластиниҳоро аз ин тариқ дорад . Ин дар ҳоле аст, ки Ҳусайн Амир  Абдуллоҳиён ва Самеҳ Шукри вазирони хориҷаи Эрон ва  Миср дар гуфтугӯи телефонӣ бо кӯчи иҷбории фаластиниён ба шиддат мухолифат карданд .Аммо суоли аслӣ инаст ки ҳали мушкили Фаластин бо идомаи кори Бинямин Нитанияҳу нахуствазири ҷинояткори саҳюнистӣ ё канорагирии вай қобил ҳаласт ? Қатъан посӯх на аст ва  ҳали мушкили Фаластин ниёзманди роҳкорҳои асосӣ аз ҷумлаи баргузории ҳамапурсӣ тайини сарнавишти мардум Фаластин аст, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрони мудаббирона тарҳи онро ироя кардаанд .