Тамоюли раиси Ҷумҳурии Фаронса барои ҳузури Мбаппе дар олампик
Ин рузҳо ҳузури Килиан Мбаппе дар таркиби тими миллии Фаронса яке аз дағдағаҳои аслии давлатмардон фаронсавӣ аст.
Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз сомонаи Алахбория, Эмануел Макрон раиси Ҷумҳурии Фаронса рузи ҷумъа ибрози умедвори кард ки Килиан Мбаппе муҳоҷим ва капитани тими миллии Порисин Жерман битавонад дар бозиҳои олампики баъди ки тобистони имсол ба мизбонии Порис баргузор мешавад, ширкат кунад.
Реалмадриди Испания ки қарор аст Мбаппе пас аз поёни фасли ҷорӣ ба унвони бахше аз нақлуинтиқолоти озод ба он пайваст шавад аз ҳузури бозикунонаш дар рақобатҳои олимпик худдорӣ мекунад. Макрон ба теъдодӣ аз донишомузоне ки дар ҷараёни боздид аз як мадрисаи ибтидоӣ дар Порис аз у дар бораи сарнавишти ҳузури Мбаппе савол карданд, гуфт: Умедворам у битавонад дар бозиҳои олимпик ширкат кунад.
Пеш аз ин ҳамсари Мокрон аз эҳтимоли ғайбати Килиан Мбаппе дар рақобатҳои олимпики 2024 ба сурати ғайримустақӣм ва мубҳам хабар дода буд.