Апрел 16, 2024 11:33 Asia/Dushanbe
  • Гардиян: Ҷанги энержӣ дар роҳ аст

Рӯзномаи Гардиян-чопи Лондон аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи баҳои энержӣ дар Аврупо дар сурати идомаи ҷанги Русия дар Украина хабар дод.

Андрей Кобилев, раиси пешини ширкати давлатии нафту гази Украина дар гуфтугӯ бо Гардиян муддаӣ шуд, Русия дар ҳоли ба роҳ андохтани ҷанги энергӣ аст ва пирӯзии ин кишвар дар ҷанг бо Украина паёмадҳои бисёр ҷиддӣ барои бозори энергии ҷаҳон хоҳад дошт.

Кобилев ҳушдор дод, агар тахриби зерсохтҳои энергии Украина дар ҷанг бо Русия идома ёбад, афзоиши чашмгири қимати энержи дар Аврупо иҷтинобнопазир хоҳад буд.

 Ҳафтаи гузашта ба унвони бахше аз корзори нави Русия, ки зерсохтҳои энергиро ҳадаф қарор медиҳад, дар ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии густурдаи Москва яке аз бузургтарин неругоҳҳои Украина нобуд ва ба дгар неругоҳҳо осеб ворид шуд.

 Неругоҳи Трипилская (trypilska), ки бузургтарин таъминкунандаи энержи барои манотиқи Киев,Черкаскъй ва Житомир буд, борҳо мавриди ҳамлаи Русия қарор гирифт ва трансформаторҳо, турбинаҳо ва генераторҳои он тахриб шуданд.

 Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар 24 феврали 2022 Амрико ва ҳампаймононаш Русияро таҳти таҳримҳои густурда қарор доданд ва коҳиши вобастагӣ ба гази Маскавро хостор шуданд.

 Таҳримҳои Амрико ва муттаҳидонаш зидди Русия дар ҳоле аст, ки Ғарб ба рағми ҳамаи ин иқдомот, воҳимаи онро дорад, ки ташдиди таҳрими Русия дар бахшҳои иқтисодӣ ба вежа бахши нафту газ шароити иқтисодии Аврупо ва бозорҳои ҷаҳонии энергиро беш аз пеш ба ҳам занад.

 Таҳримҳои гуногуни ҷоришуда зидди Русия то кунун иқтисоди Аврупоро бо чолишҳои зиёде рубару кардааст.

 

Барчасп