Апрел 16, 2024 13:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Амрико ба Исроил: Коре накунед, ки пушаймон шавед

Торнамои «Политико» дар таҳлиле ба баррасии мавзеъи Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ва дастёронаш дар бораи чигунагии вокуниши режими саҳюнистӣ ба иқдоми мушакии Эрон пардохта ва бо ишора ба тамоюл надоштани давлати Амрико ба ҳамкорӣ бо Исроил дар ҳамлаи мутақобили таҳоҷумӣ алайҳи Эрон навишт: Паёми аслии давлати Байден барои Исроил ин аст: "Сабр кунед; Фикр кунед! "

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин расонаи амрикоӣ навишт, мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар ҳар ду ҷанбаи умумӣ ва хусусӣ ба гунае амал мекунанд, то (режим) Исроилро мутақоид кунанд дар муқобили иқдоми мушакии Эрон як вокуниши маҳдуд аз худ нишон диҳад.

 Политико афзуд: Амрикоиҳо бими он доранд мабодо вокуниши шадиди (режим) Исроил минтақа (Ховари миёна)ро вориди як ҷанги бузург кунад. Ҷо Байден , раиси ҷумҳури Амрико ба таври хос мехоҳад аз ҳар гуна ҷанге, ки неруҳои амрикоиро дар Ховари Миёна даргир мекунад, худдорӣ варзад. Ў ин ҳушдорро барои Бинямин Натанёҳу, нахуствазири Исроил равшан кардааст.

 Мақомҳои Амрико умедворанд, ки (режим) Исроил, Вашингтонро дӯсте арзёбӣ кунад, ки тавонист ба рағми танишҳо дар ҷабҳаҳои дигар, дар бархурд бо ҳамлаи бесобиқаи Эрон рӯйи он ҳисоб кунад. Ин дар ҳоле аст, ки дар ҳафтаҳои ахир Байден ва дастёронаш интиқоди худро аз иқдомоти низомии Исроил дар Ѓазза шадидтар кардаанд.

 Тибқи ин гузориш як мақоми Амрико ҳушдор дод: Ҳар коре, ки (режим) Исроил аз ин пас анҷом медиҳад, бояд маҳдуд бошад. Вай идома дод: Бо таваҷҷуҳ ба мизони риске, ки мо (амрикоиҳо) мутаҳаммил мешавем, интизор дорем онҳо қабл аз анҷоми ҳар коре дар бораи он ба мо хабар диҳанд.

 Байден  якшанбе барои барои анҷоми ҳамоҳангӣ дар додани як посухи дипломатии воҳид ба Эрон, бо раҳбарони гурӯҳ 7 сӯҳбат кард. Ин мавзӯъ нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки Амрико афзал медонад иқдомоти баъдии Ғарб шомили таҳримҳо ё дигар иқдомоти ғайринизомӣ бошад.

 

Барчасп