Апрел 19, 2024 20:57 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот дар ҷаҳон барои ҳимоят аз фаластиниён
    Тазоҳурот дар ҷаҳон барои ҳимоят аз фаластиниён

Мардуми шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин тазоҳурот ва оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғаззаро хостор шуданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, донишҷӯёни донишгоҳи Колумбия дар Ню-Йорк бо таҷаммуъ дар масирҳои аслии ин донишгоҳ, бо барафроштани парчами Фаластин, ҳамбастагии худро бо мардуми Ғазза эълом карданд.

Донишҷӯёни муътаризи донишгоҳи Колумбия аз масъулони ин донишгоҳ хостанд, ки равобит бо режими наслкуши Исроилро ба таври комил қатъ кунанд.

 

Хабари дигар ин ки тазоҳуркунандагони иёлати Пенсилвания бо таваққуфи корвони мошинҳои Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар масири маркази фарҳангии ин шаҳр, дар ҳоле ки парчами Фаластин дар даст доштанд, фарёди “Фаластинро озод кунед” сар доданд.

Шабакаи телевизионии “Алмёдин” ҳам аз баргузории тазоҳурот муқобили сафорати режими саҳюнистӣ дар пойтахти Уругвай хабар дод.

Фаъолони канадаӣ дар Торонто барои дархости мамнуияти фаврии ирсоли силоҳ ба Исроил, хати роҳи оҳани Канада ба Амрикоро барои беш аз 6 соат масдуд карданд.

Шуморе аз шаҳрвандони яҳудӣ дар иёлати Ню-Ҷерсии Амрико парчамҳои Фаластинро насб карданд, ки рӯи он асомии шуморе аз кӯдаконе навишта шуда буд, ки тавассути низомиёни исроилӣ ба шаҳодат расидаанд.

 

Барчасп